Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Волии Қундуз маҷрӯҳ шуд


Бар асари як таркиш дар шимоли Афғонистон волии вилояти Қундуз Муҳаммад Умар ҷароҳат бардошт. Тибқи хабарҳо, бомб дар шоҳроҳи асосии минтақа мунфаҷир шудааст. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки ҷароҳат сабук аст ва ба ҳаёти волӣ хатаре таҳдид намекунад.
Тайи ду соли ахир мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон”, ки талоши таҳкими нуфуз дар шимоли Афғонистонро доранд, пайваста ба намояндагони сохторҳои давлатии маҳаллӣ ҳамла мекунанд.
XS
SM
MD
LG