Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Афви Байнулмилал аз СММ


Созмони байнулмилалии Amnesty International ё Афви Байнулмилал хостори тафтиши мустақилонаи ҳалокати мардуми осоишта дар Шри-Ланка дар рафти даргириҳо миёни артиш ва ҷудоихоҳони тамил шуд. Намояндаи ин созмон дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Сэм Зарифӣ изҳор намуд, ки Созмони Милали Муттаҳид бояд арзёбии худ дар мавриди талафот миёни мардуми осоиштаро фавран нашр кунад. Изҳороти Amnesty International баъд аз чопи як матлаб дар нашрияи бритониёвии Times of London пахш шуд, ки дар он, бо ишора ба манбаъҳои СММ, аз ҳалокати беш аз 20 ҳазор сокини осоишта сухан меравад. Мақомоти Шри-Ланка ин иттилоъро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG