Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири дохилаи Туркманистон аз маснад барканор шуд


Вазири умури дохилаи Туркманистон Оразгелдӣ Ананмуродов аз маснадаш барканор шуд. Раисиҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз кори вазир изҳори норозигӣ кард ва изҳор намуд, ки моҳҳои ахир мизони ҷурму ҷиноят дар кишвар афзоиш ёфтааст. Сарвари давлат бештар аз он нукта нигарон аст, ки бештари ин ҷиноёт аз сӯи кормандони ҳифзи тартибот содир мешавад.
Бо амри раисиҷумҳур, Искандар Моликов, ки аз ин пеш раёсати умури дохилаи яке аз вилоятҳоро бар ӯҳда дошт, дар курсии вазири умури дохилаи Туркманистон нишаст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG