Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

600 ҳазор доллар барои сари Мавлоно Фазлуллоҳ


Мақомоти Покистон қимати ҷоиза барои боздошти раҳбари яке аз гурӯҳҳои ҷунбиши “Толибон” Мавлоно Фазлуллоҳро, ки дар водии Свот алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ меҷангад, даҳ баробар афзоиш доданд. Акнун барои ҷасади зинда ё беҷони Мавлоно Фазлуллоҳ 600 ҳазор доллар пардохт мешавад.
Изҳорот дар ин бора баъди он пахш гардид, ки мусаллаҳони мухолифи ҳукумат таҳдиди инфиҷору ҳамлаҳои нав ба шаҳрҳои Покистонро карданд. Рӯзҳои ахир бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳрҳои Пешовар ва Лоҳур беш аз 30 нафар кушта шуданд.
Дар водии Свот, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, даргириҳо миёни артиш ва толибон идома дорад. Ба иттилоъи вазорати дифоъи кишвар, шабонарӯзи гузашта дар ин минтақа 28 тан аз шӯришиён кушта шуда, 7 нафари онҳо асир афтоданд.
XS
SM
MD
LG