Пайвандҳои дастрасӣ

Гейтс хостори кумакҳои Чин ба Афғонистон шуд


Роберт Гейтс, вазири дифоъи ИМА, аз кишварҳои аврупоӣ ва Чин даъват кард, ки ба талошҳо дар эҳёи Афғонистон суръат бубахшанд. Раҳбари Пентагон имрӯз дар конфаронс оид ба масоили амниятӣ дар Сингапур суханронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, барои ташкили системи босамари идораи давлатӣ дар Афғонистон бояд сохтори замонавӣ бунёд кард ва мизони сармоягузории артишро боло бурд. Роберт Гейтс ҳамчунин изҳор намуд, ки ИМА аз ҳама гуна кумаки Чин ба Афғонистон - ҳам кумаки низомӣ ва ҳам кумаки мулкӣ истиқбол хоҳад кард.
Дар чаҳорчӯби нишаст оид ба масоили амниятӣ вазири дифоъи ИМА ҳамроҳ бо ҳамтоҳояш аз Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон қазияи озмоишҳои ахир аз сӯи Кореяи Шимолӣ, аз ҷумла, озмоиши ахири ҳастаии зеризаминиро баррасӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG