Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли се муттаҳам дар ташкили инфиҷор дар Зоҳидон


Дар Эрон се нафар бо иттиҳоми даст доштан дар инфиҷор дар масҷиди шаҳри Зоҳидон, воқеъ дар ҷанубу шарқи кишвар, эҳдом шуданд. Дар ин бора хабаргузории расмии ИРНА хабар дод. Гуфта мешавад, ҳарсе муттаҳам дар маҳзари ом дар канори масҷид ба дор овехта шуданд. Мақомоти маҳаллӣ дар ташкили инфиҷор дар масҷид ИМА-ро айбдор карданд ва аммо Вошингтон иттиҳомро рад ва ин ҳамлаи террористиро маҳкум кард.
Ёдовар мешавем, бар асари инфиҷор дар масҷиди шаҳри Зоҳидон беш аз 20 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG