Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хушхабаре дорем барои онҳое, ки хеле мехостанд мутахассиси умури тиҷорат ва фанновариҳои муосир бошанд, аммо бинобар надоштани шароит барои таҳсил дар хориҷа орзуяшонро наметавонистанд амалӣ кунанд.

Инак, ҳамсолон, ҳоло шумо метавонед ҳатто аз манзили худ берун нарафта соҳиби мадраки тахассусӣ шавед. Гап сари ин, ки ахиран дар Амрико нахустин донишгоҳи байнулмилалии интернетӣ таъсис ёфт, ки гуфта мешавад, бештар барои хоҳишмандон аз кишварҳои дар ҳоли рушд нигаронида шудааст. Исми ин таълимгоҳи интернетӣ «Донишгоҳи мардумӣ» аст ва хоҳишмнадон танҳо барои номнавис шудан дар ин донишгоҳ бояд аз 15 то 50 доллар ва ҳамчунин аз 10 то 100 доллар барои супоридани санҷишу имтиҳонҳо пардохт кунанд, ки ин маблағ низ ниҳоӣ набуда, вобаста ба вазъи иқтисодии кишварҳо метавонад болову поин бошад.

Муассиси Донишгоҳи мардумии онлайн як тоҷири яҳудӣ Шай Решеф аст, ки гуфтааст, бо ин васила мехоҳад ба ҷавононе кӯмак кунад, ки имкони таҳсил дар донишгоҳҳои маъмулиро надоранд. Ба гуфтаи Шай Решеф, дар ҷаҳон садҳо миллион нафароне ҳастанд, мактаби миёнаро хатм кардаву бо сабабҳои мухталиф дастрасӣ ба гирифтани маълумоти олиро надоранд.

Ин тоҷир барои раҳандозии донишгоҳи интернетӣ миллион доллар сармоягзорӣ кардааст ва нақша дорад барои рушди ин барнома боз 5 миллиони дигарро аз ҳисоби маблағгузорони мустақил роҳандозӣ намояд. Дар Донишгоҳи мардумӣ аллакай 150 нафар довталаб аз 35 кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд ва муассисаи донишгоҳ қасд дорад, дар чаҳор соли дигар шумораи донишҷӯёнро то 15 ҳазор бирасонд. Феълан ин донишгоҳ танҳо аз рӯи ду ихисос идораи тиҷорӣ ва фанновариҳои муосир донишҷӯёнро қабул мекунад ва таълим пурра бо забони англисӣ сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол Асомиддин Атоев, раҳбари асотсиатсияи дастраскунандагони интернет дар Тоҷикистон, мегӯяд, таъсиси ҳамчунин донишгоҳи онлайн метавонад рақибе сахте барои донишгоҳҳои маъмулӣ дар Тоҷикистон бошад. Ба гуфтаи Асомиддин Атоев, он маблағе, ки имрӯз донишҷӯён барои таҳсил дар макотиби олии кишвар сарф мекунанд ва донишу малакаи казоӣ намегиранд, бо ин маблағ онҳо роҳат метавонанд компютер харидорӣ кардаву ба интернет пайваст намоянд ва бевосита дар хона таълим бигиранд. Зеро, ба гуфтаи мусоҳиби мо, барои дастрасӣ доштан ба маводҳои таълимии чунин донишгоҳ ҳатто истифода аз канали хурди интернет кифоя аст.

Зиманан мо дар ин мавзӯъ бо чанд донишҷӯ аз макотиби олии кишвар ҳамсӯҳбат шудем. Ба назари онҳо, таҳсил дар донишгоҳҳои интернетӣ назар ба муассиаҳои маъмулии таълимӣ дар шароити кунунӣ хубтар аст, зеро ҳам харҷи камтар дорад ва ҳам таълими беҳтар.

Гуфтанист, Донишгоҳи мардумӣ ҳоли ҳозир дар шаҳри Пасаданеи Калифорния ба қайд гирфита шудааст. Шай Решеф кӯшиш дорад, донишгоҳи онлайнро дар мақомоти Амрико расман номнавис кунад, то ин ки мадраки тахассусии ин донишгоҳ ҳуввияти расмиро ба даст орад.

Ин ҳама дар ҳолест, ки маҷаллаи «Форбс» таҳсил дар Амрикоро гаронтарин дар ҷаҳон унвон кардааст. Ба навиштаи «Форбс», таълим дар қиматтарин донишгоҳи ИМА - Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон бе назардошти қиммати маводҳои таълимӣ ва буду бош дар ин кишвар беш аз 40 ҳазор доллари амрикоӣ будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG