Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ шикояти Ҳизби наҳзати исломиро қабул кард


Додгоҳи олии Тоҷикистон аризаи шикоятии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар бораи аз сӯи Комиссияи марказии интихобот рад шудани дархости ҲНИТ дар мавриди таъйиди ваколати номзади ин ҳизб ба порлумонро қабул карда, замони баррасии ариза дар додгоҳро рӯзи душанбе и оянда таъин кардааст. Дар ин бора Ҳикматулло Сайфуллозода, як масъули Ҳизби наҳзати исломӣ, ба радиои Озодӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҷониби ҲНИТ феълан намоянда ва вакили мудофеи худро барои баррасии шикоят дар додгоҳ омода мекунад. ҲНИТ қаблан зимни номае хостори таъйиди ваколати Муҳаммадалӣ Ҳайитов аз рӯйхати умумии ҳизбӣ ба ҷои Муҳаммадшарифи Ҳимматзода шуд. Вале Комиссияи марказии интихобот ин дархостро рад кард.
XS
SM
MD
LG