Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия омода аст дар татбиқи барномаҳои энержӣ ва эҳдоси нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ширкат кунад.

Ин матлабро имрӯз Абдулло Гул, раисиҷумҳурии Туркия, дар фароварди дидор ва мулоқоташ бо раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баён дошт. Раисҷумҳури Туркия гуфт, ки барои анҷоми ин корҳо соҳибкорон ва сармоядорони кишварашро ташвиқ ва ҷалб хоҳад кард. Вай ҳамчунин эълон кард, ки «Туркия барои ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат тамоми саъй ва талоши худро ба харҷ хоҳад дод».

Раисони ҷамоҳири Туркия ва Тоҷикистон ҳарчанд натоиҷи мулоқоти худро самарабахш арзёбӣ хонданд, аммо дар ҳузури хабарнигорон бо қироати матни аз қабл омодашуда иктифо карданд.

Абдулло Гул, раисиҷумҳури Туркия, таҳкими сулҳу субот дар Афғонистонро як омили асосии рушди равобити кишварҳо дар минтақа хонда таъкид кард, ки мавқеъ ва назари ӯ ва раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мубориза алайҳи терроризм, гурӯҳҳои ифротгаро, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷудоиталабӣ ягона аст.

Дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, изҳор дошт, ки пуштибонии Туркия аз тарҳҳои энержии Тоҷикистон ва воридшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат бағоят муҳим аст. Вай гуфт, Тоҷикистон, ки тоза ба таъсиси манотиқи озоди иқтисодӣ дар кишвараш иқдом кардааст, дар ин замина аз таҷрибаи Туркия истифода хоҳад кард.

Зимнан раисони ҷамоҳири Туркия ва Тоҷикистон бар зарурати тақвият ва густариши равобит миёни кишварҳои исломӣ низ таъкид кардаанд. Онҳо дар зери санади «Эъломияи муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба» ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва муовини вазири умури хориҷии Туркия созишнома дар бораи лағви раводид барои соҳибони шиносномаҳо ва гузарномаҳои хидматӣ ва махсус ва ҳамчунин як қарордоди ҳамкорӣ миёни ин ду вазорат барои солҳои 2009-2010-ро имзо карданд.

Ҳамчунин бо иштироки раисони ҷумҳуриҳои Туркия ва Тоҷикистон Анҷумани соҳибкорони ин ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар ин анҷуман барномаҳои давлатӣ ва низ бахши хусусии Тоҷикистон барои омӯзиш ва баррасӣ ба соҳибкорони Туркия пешниҳод шудааст.

Туркия баъд аз Русия ва Чин саввумин кишваре аст, ки бо Тоҷикистон равобити хуби тиҷоратиро ба роҳ мондааст ва дар соли гузашта гардиши мол миёни ин ду кишвар наздики панҷсад миллион долларро ташкил додааст.

Рӯзи ҷумъа ғайри мунтазира президенти Туркия аз масҷиди марказии шаҳри Душанбе зиёрат намуда, ҳамон ҷо намоз хонд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG