Пайвандҳои дастрасӣ

ИА дархости Русияро барои қарзи Украина напазируфт


Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, чунин ба назар намерасад, ки дархости Русияро дар бораи кӯмак ба Украина барои пардохти миллиардҳо доллар қарзи гази Русия иҷро кунад. Русия борҳо гуфтааст, ки Украина барои пардохти қарзҳояш ба сабаби бӯҳрони молӣ мушкил дорад. Хосе Мануэл Бароссо-раиси Коммиссияи Аврупо гуфт, вай дар ин бора бо Владимир Путин-нахуствазири Русия телефонӣ гуфтугӯ кардааст, вале афзуд:

"Албатта, будҷаи мо ҳоло мушкилӣ дорад, имкони каме кӯмак аз будҷаи Иттиҳодияи Аврупо ба Украина вуҷуд надорад".

Моҳи январи соли ҷорӣ мубоҳисоти миёни Украинаву Русия дар бораи нархи газ сабаби қатъи интиқоли гази Русия ба Аврупо шуд.
XS
SM
MD
LG