Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамсарони тоҷикидони муҳоҷирон


Муҳоҷират мушкилоти зиёд дорад, ки яке аз онҳо дур аз ватан ҳифз ва нигоҳдории забони модарӣ ва анъаноти миллист.

Ва борҳо чунин иттифоқ афтода, ки муҳоҷир ба асари ҷудоӣ ва адами иртибот бо ҳамдиёрон забони модариашро фаромӯш мекунад ва бо ҳамин яке аз нишонаҳои миллати хешро аз даст дода ба кӯи бегонагӣ меравад. Дар таҷрибаи кишварҳои дигар ҳарчанд намояндагони миллатҳои гуногун забони модарии хешро аз даст дода, ба забони бегона гуфтугузор мекунанд, вале бо ин ҳам миллати хешро нигоҳ медоранд ва ба бегонагон намепайванданд.

Вале, тавре аҳли назар таъйид мекунанд, тоҷикон ғолибан бо аз даст додани забон бештар мансубияти миллии хешро низ тағйир медиҳанд ва зуд дар байни миллати дигар, ба истилоҳ, ҳал мешаванд. Дар ҳамин ҳол, дар байни тоҷикони муҳоҷир ашхосе кам нестанд, ки дар ғурбат ҳам забони модарии хешро ҳифз мекунанду ҳам ин забонро ба дигарон меомӯзонанд. Вақте ман бо Саидҷон Миршоев ва аҳли хонаводааш ва бархе дигар тоҷикон, ки ҳамсарашон намояндаи миллатҳои дигар ҳастанд, ошно шудам, инро, ба истилоҳ, бо чашми сар дидам.

Саидҷон бо ҳамсараш Ира, ки аз қавми рус аст, дар Алмаато шинос шуд ва риштаи умри хешро бо ӯ пайваст. Ира ба забони тоҷикӣ озодона гап мезанад. Сӯҳбати мо бо ӯ дар бораи зиндагии хонаводагиаш ва чӣ тур омӯхтани забони тоҷикӣ низ ба тоҷикӣ сурат гирифт:

«- Шумо чанд фарзанд доред?
- Се духтар – Ситора, Фирӯза ва Сайёра.
- Онҳо чандсола ҳастанд?
- Калонӣ 12-сола, дуюм кӯдак, 10-сола ва сеюмӣ се сол дорад.
- Ира, Шумо забони тоҷикиро аз кӣ ва чӣ гуна омӯхтед?
- Ман тоҷикиро барои он медонам, ки шӯи ман тоҷик аст. Ду сол дар Тоҷикистон зиндагӣ кардам, ҳамроҳи хешҳои шавҳарам тоҷикӣ гап задам ва камакак ёд гирифтам. Як рӯз ба бозор марди эроние омада буд ва ман форсӣ гап задам ва вай хурсанд шуд».

Ира мегӯяд, вай дар хона бо духтаронаш бо ду забон - русӣ ва тоҷикӣ - сӯҳбат мекунад. Бо шавҳараш танҳо бо тоҷикӣ. Аз ин хотир фарзандонашон низ ҳарду забонро медонанд. Вале Ира ҳоло аз дониши забониаш чандон қаноатманд нест, зеро ба гуфтааш вай асосан бо гӯиши мардуми Рашт сӯҳбат мекунад ва алъон забони адабии тоҷикиро чандон пурра фаро нагирифтааст. Аммо акнун ҷиддӣ ба омӯхтани забон оғоз карданист. Зеро дар бозор вай бо мардуми афғонистониву эронӣ ҳамсӯҳбат шуда дарк кард, ки бояд забонро нағз биёмӯзад, то озодона бо онҳо сӯҳбат карда тавонад.

Агар Ира забони тоҷикиро таи ду соли зиндагӣ дар Тоҷикистон омӯхта бошад, ба истилоҳ, янгаи дигари мо Жаннаи қирғиз, ки ҳамсари бозаргони тоҷик Миралӣ аст, то ҳол Тоҷикистонро надидааст. Онҳо дар Алмаато ҳангоми кор дар бозор шинос шудаанд. Зиндагии якҷоя бо шавҳараш тайи 13 сол дар қалби Жанна муҳаббат ба забони тоҷикиро ҷой кардааст ва забони шавҳарашро омӯхтааст. Аз ин хотир сӯҳбати мо бо Жанна низ бо забони тоҷикӣ ҷараён гирифт.

Жанна мегӯяд, «ман китобу газетаҳои тоҷикӣ мехонам, хабарҳои Тоҷикистонро аз телевизор тамошо мекунам, боз дискҳои тоҷикӣ дорем, онҳоро мебинем. 42 серияи филми эронии «Юсуф пайғамбар»-ро дидем, маъқул шуд. Боз бисёр ғизои тоҷикӣ, монанди палав, шавла, ширбиринҷ ва қурутобу шакароб, пухта метавонам».

Миралӣ низ аз он, ки ҳамсараш забони тоҷикиро медонад, хурсанд аст. Вале вай таъкид мекунад, ки барои забономӯзии ҳамсараш баробари ӯ ҳамроҳонашон дар бозори «Балашақ»-и Алмаато, ки бештарашон тоҷиканд, таъсир расонидаанд.

Алъон дар Алмаато даҳ-дувоздаҳ хонаводаи муҳоҷирони тоҷик ҳастанд, ки чун Ираву Жанна ҳамсаронашон забони тоҷикиро омӯхтаанд. Ин хонумон намояндагони миллатҳои гуногун, аз ҷумла қазоқ, уйғур, рус, ӯзбак ва қирғиз ҳастанд ва дар ағлаби ин хонаводаҳои гуногунмиллат фарзандонашон низ забони тоҷикиро медонанд. Вале кадом омилҳо таъсир гузоштаанд, ки онҳо дар мулки бегона барои омӯхтани забони тоҷикӣ иқдом кардаанд.

Донишманди тоҷик Сафар Абдулло мегӯяд, «яке аз омилҳои асосӣ шояд ин аст, ки онҳо ба шавҳарашон ошиқ шуда, чун арзи эҳтиром забони ӯро омӯхта бошанд. Албатта, омилҳои дигар ҳам ҳастанд, вале муҳим ин аст, ки ин занон забонро ҳарчанд дар сатҳи баланд набошад ҳам, омӯхтаанд ва ин боиси хушҳолии мост».

Вале аз сӯи дигар оқои Сафар Абдулло аз он изҳори нигаронӣ кард, ки сатҳи забондонии худи муҳоҷирони тоҷик чандон баланд нест. Ва агар онҳо забони модариашонро бо роҳи хондани китобу маҷалла ва рӯзномаҳо хуб меомӯхтанд, бешубҳа, бо ин роҳ барои беҳтар аз худ кардани забон ба дигарон, аз ҷумла ба ҳамсарони худ, низ ёрӣ мерасониданд.

Дар ҳамин ҳол Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Алмаато мақсад дорад, ки бо ширкати аҳли хонаводаи чунин оилаҳои тоҷикидон маҳфили хоссаеро барои боз ҳам беҳтар омӯхтани забони тоҷикӣ доир созад. Ҳамчунин марказ минбаъд фаъолияти мактаби омӯзиши забон ва фарҳанги тоҷикиро низ дубора ба роҳ монданист ва ба он чунин намояндагони миллатҳои дигарро, ки ба омӯхтани забони тоҷикӣ майлу рағбат доранд, ҷалб карданист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG