Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузории хунин дар масҷиди Зоҳидон


Бар асари инфиҷори бомб дар як масҷиди шиъаҳо дар шаҳри Зоҳидон, маркази устони Систону Балуҷистон дар ҷанубу шарқи Эрон, дасти кам 19 нафар кушта ва беш аз 125 намозгузори дигари захмӣ шудаанд.

Алимуҳаммади Озод, устондори Систону Балуҷистон ба хабаргузории нимарасмии Форснюс гуфтааст, ки дар натиҷаи бомбгузории шоми панҷшанбе дар Зоҳидон 19 нафар кушта шуда, 125 нафар ҷароҳат бардоштанд. Аммо Ҳусейни Соҷиданиё, муовини амалиёти нирӯи интизомии Эрон теъдоди қурбониёнро дар Зоҳидон 23 нафар гуфтааст. Ба дунболи ин ҳамлаи пурқурбонӣ бо дастури намояндаи раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломии Эрон оятуллоҳ Хоманаӣ дар устони Систону Балуҷистон се рӯзи мотами саросарӣ эълон шуд.

Инфиҷор, ки як иддаи аз мақомоти маҳаллӣ, ҳамлаи маргталабона ва кори дасти Амрико унвонаш мекунанд, шоми панҷшанбе дар дуввумин масҷиди бузурги шиъаҳо дар Зоҳидон замоне рух дод, ки издиҳоми бузурге аз намозгузорон дар масҷиди Амиралмӯъминин Алии ибни Абӯтолиб ба хотири гиромидошти солгарди даргузашти Фотимаи Заҳро, духтари паёмбари Ислом ва ҳамсари ҳазрати Алӣ, гирди ҳам омада буданд.

Раҳбари қувваи қазоияи устони Систону Балуҷистон Иброҳим Ҳамидӣ гуфтааст, ҳамлагар дар сафи охирини издиҳоме, ки барои адои намози шом саф ороста буданд, истода буд ва бар асари таркиш ӯ низ кушта шуд. Ҳусейни Соҷиданиё гуфта, ки як ҳамлагар кушта ва якеи дигараш боздошт шуд.

Алимуҳаммади Озод, устондори Систону Балуҷистон хабар дод, ки маъмурони иттилоотии ин устон чанд тан аз омилони бомбгузории шоми панҷшанберо боздошт ва бозпурсӣ кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин гурӯҳи террористии Зоҳидон қасди бомбгузорӣ дар минтақаҳои дигарро низ дар сар доштааст.

Ҷалоли Сайёҳ, муовини устондор дар умури сиёсиву амниятӣ, теъдоди боздоштшудагонро 3 нафар гуфта, ангушти иттиҳом ба сӯи Амрико баланд кардааст, ки ин боздоштшудагон тавассути Амрико барои анҷоми чунин ҳамла ҷалб шудаанд. Ҷалоли Сайёҳ афзуда, ки гурӯҳҳои, ба гуфтаи ӯ, “террористии муъонид(душман)-и низом” аз ҳар фурсате барои зарба задан ба Ҷумҳурии исломии Эрон истифода мекунанд. Аҳмади Хотамӣ, воизи намози ҷумъа дар масҷиди Теҳрон низ даст доштани Амрикову Исроил дар ҳамлаи Зоҳидонро ҳақиқате “бидуни шакк” ба қалам дода, ангушти ишорат ба сӯи ваҳҳобиҳову салафиҳои, ба гуфтаи ӯ, “шайтон” низ кардааст. Дар гузашта низ дар чунин мавориди мушобеҳи ҳамлаҳову бомбгузориҳо ангушти иттиҳоми мақомоти Эрон ба сӯи кишварҳои дигар, аз ҷумла Амрико, баланд мешуд, вале Вошингтон чунин иттиҳомотро дар гузашта ҳамеша башиддат радд мекард.

Бо ин ҳол, гурӯҳи чирикии Ҷундуллоҳ бо ирсоли як номаи электронӣ ба Радиои Озодӣ ҳамлаи ахир дар Зоҳидонро мҳамлаи интиҳорӣ хонда, масъулияташро бар ӯҳда гирифтааст. Аммо Радиои Озодӣ воқеъияти ин нома ва ин иддаои нашршуда аз номи Ҷундуллоҳро тасбит ва тасдиқ карда наметавонад.

Ҷундуллоҳ дар гузашта низ дар Систону Балуҷистон як силсила ҳамалот анҷом додааст, ки хунинтаринаш ҳамлаи моҳи феврали соли 2007 буд, ки 13 сарбози Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро дар Зоҳидон кушта ба ҷо гузошт. Ҷундуллоҳ мегӯяд, ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи мардуми суннӣ мубориза мебарад, вале мақомоти Эрон ин гурӯҳро ба ҳамкорӣ бо шабакаи Ал-Қоида муттаҳам мекунанд.

Бахши аъзам аз наздики 2,5 миллион ҷамъияти Систону Балуҷистон - бузургтарин вилоят аз 30 устони маъмурии Эронро балуҷҳои суннимазҳаб ташкил медиҳанд. Нирӯҳои давлат дар ин устони ҳаммарз бо Покистону Афғонистон нафақат бо ҷангиёни Ҷундуллоҳ, балки бо гурӯҳҳои ҷиноии қочоқбари маводи мухаддир низ дар ҳоли набарданд.

Бомбгузории хунин дар Зоҳидон ҳамагӣ ду ҳафта қабл аз интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон иттифоқ уфтод. Мирҳусейн Мӯсавӣ, яке аз 4 номзад ба ин мақом гуфтааст, ҳамлаҳои назири ин бамбгузории масҷид ҳатман ё таҳти таъсир ё бо пуштибонии нирӯҳои хориҷӣ амалӣ мешаванд. Номзади дигар Мӯҳсин Ризоӣ ин ҳамларо иқдоми душманони Эрон хондааст, ки ба бовари ӯ, мехоҳанд бо киштани тухми тарсу ҳарос монеъи мушорикати васеъи мардум дар интихоботи рӯзи 12 июн шаванд. Ва Маҳдии Каррубӣ, як довталаби дигари курсии раҳбарии давлати Эрон, низ гуфтааст, ҳадафи таркиш аз иштироки фаъолона дар раъйдиҳӣ манъ кардани мардум буд.
XS
SM
MD
LG