Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифонро аз ширкат дар интихобот маҳрум карданд


Рӯзи якшанбе дар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Асетияи Ҷанубӣ, ки истиқлолияти онро танҳо Русия ва Никарагуа ба расмият шинохтаанд, интихоботи порламонӣ баргузор мешавад. Барои ширкат дар интихобот 4 ҳизб номнавис шудаанд, вале мақомоти интихоботӣ танҳо ду ҳизбро, ки мухолифи Эдуард Кокойтӣ-раҳбари ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ мебошанд, ба интихобот роҳ надодаанд. Таҳлилгарон мегӯянд, Кокойтӣ мехоҳад ин интхоботро барои ба даст овардани аксарият дар порламон истифода кунад, зеро он барои ворид овардани тағирот дар Қонуни асосӣ ба дард мехӯрад. Дар сурати ворид овардани чунин тағирот вай метавонад бори дигар худро номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ кунад. Мухолифони Кокойтӣ вай ва атрофиёнашро барои дуздии миллионҳо доллар кӯмаки Русия муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG