Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

35 шӯришии Толиб дар Зобул кушта шудаанд


Имрӯз низомиёни Амрико гуфтанд, ки дар ҷануби Афғонистон дар ҷараёни як даргирӣ ва ҳамлаи ҳавоӣ 35 нафар аз ҷангиёни Толибон кушта шудаанд. Даргирӣ замоне оғоз шуд, ки шӯришиёни Толиб дар вилояти Зобул рӯзи панҷшанбе аз камин ба сарбозони гаштзани Афғонистон ҳамла бурдаанд. Тибқи гузоришҳо, аз сарбозон ё аҳолии маҳаллӣ дар ин даргирӣ касе кушта нашудааст. Низомиёни Амрико дар бораи даргириҳои дигари рӯзи панҷшанбе дар вилояти Пактико гузориш додаанд. Дар ин задухурд дастикам 29 шӯришӣ кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG