Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Кореяи Шимолӣ аз амали баъдӣ


Имрӯз Кореяи Шимолӣ таҳдид кард, ки агар Амрико тасмим бигирад, ки барои озмоиши ҳастаӣ бар зидди Кореяи Шимолӣ таҳрим ҷорӣ мекунад, Кореяи Шимолӣ барои "дифоъ аз худ" даст ба тадбирҳои баъдӣ хоҳад зад. Вазорати умури хориҷаи ин кишвар гуфтааст, агар Шӯрои Амният чунин корро таҳрик кунад, кишвараш "ногузир" даст ба амал мезанад. Ҳоло Шӯрои Амнияти СММ ин масъаларо баррасӣ мекунад, ки чӣ тарз ба озмоиши ҳастаии аввали ҳафтаи ҷории Кореяи Шимолӣ посух бидиҳад, озмоише, ки эътирози густардаи маҳофили байналмиллалиро барангехт.
XS
SM
MD
LG