Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷоре дар масҷиди Зоҳидони Эрон


Мақомоти расмии вилоят ё устони Систону Балуҷистони Эрон Амрикоро муттаҳам кардаанд, ки дар паси инфиҷори маргбори масҷиде дар ҷануби шарқи ин кишвар афроди "истихдомкарда"-и Амрико қарор доранд. Ҷалол Сайёҳ-мақоми аршад дар дафтари устони мазкур гуфт, идаъо мешавад, ки дар ин ҳамла се нафар даст доранд. Онҳо боздошт шудаанд ва ба истилоҳ афроди "истихдомкарда"-и Амрико мебошанд. Устондори Систону Балуҷистон қаблан гуфта буд, ки дар инфиҷори масҷиди Зоҳидон-маркази идории ин устон 19 нафар кушта, беш аз 125 нафар намозгузорон ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG