Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асноди ҳамкории Тоҷикистону Туркия имзо шуд


Дар Душанбе дар поёни музокироти худ Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул-руасои ҷамоҳири Тоҷикистону Туркия дар бораи таҳкими муносиботи миёни ду кишвар эъломияе ба имзо карданд. Тиҷорати хориҷии миёни ду кишвар дар соли 2008 беш аз 500 миллион долларро ташкил додааст. Ҷонибҳо изҳор доштаанд, ки миёни ин ду кишвар заминаҳои густариши тиҷорат ва гирдиши бештари коло вуҷуд дорад. Дар ҷараёни ин боздид ҷониби Туркия изҳори омодагӣ кардааст, ки дар сохтмони ниругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон ширкат меҷӯяд. Ин нахустин боздиди расмии раиси раиси ҷумҳури Туркия аз Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG