Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Сегонаи Аврупо бо Осиёи Марказӣ дар Душанбе


Қарор аст, имрӯз дар Душанбе-пойтахти Тоҷикистон мулоқоти сегонаи Иттиҳодияи Аврупо бо вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, яъне Тоҷикистону Қирғизистон, Қазоқистону Туркманистон ва Ӯзбекистон ба кори худ оғоз кунад. Интизор меравад, ки дар мулоқоти дурӯза барномаи фаъолияти Иттиҳодияи Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мубориза бо густариши маводи мухаддир баррасӣ шавад. Ин барнома солҳои 2009-2010-ро дар бар мегирад. Баррасии ҳамкориҳои минтақаӣ, таъсири бӯҳрони саросарии молӣ ба иқтисод ва рушди бахшҳои энержӣ низ дар дастури рӯзи мулоқот қарор дорад.
XS
SM
MD
LG