Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сегона"-и ИА дар Душанбе


Перр Морел, фиристодаи ИА дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ
Перр Морел, фиристодаи ИА дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти навбатии “сегона”-и Иттиҳодияи Аврупо(ИА) бо намояндагони вазоратҳои умури хориҷии 5 кишвари Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Мавзӯъи асосии баҳс дар мулоқоти Душанбе баррасии ҷараёни иҷрои стротежии нави ИА дар қиболи кишварҳои Осиёи Марказист.
“Сегона”-И ИА вузарои умури хориҷии Фаронсаву Шветсия ва Ҷумҳурии Чехро, ки раёсати давраии ин иттиҳодияро бар ӯҳда дорад, дар бар мегирад. Ин “сегона” дар пойтахти Тоҷикистон самтҳову роҳҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа дар соҳоти иқтисоду тиҷорат, энержӣ, ҳифзи муҳити зист ва маорифро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод. Як мавзӯъи дигаре, ки ҳамтан матраҳ хоҳад шуд, ҳамкории кишварҳои Аврупову Осиёи Марказӣ ҷиҳати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири афғонист, ки тавассути ин минтақа ба Русия ва аз он ҷо ба бозори сиёҳи Аврупо низ роҳ меёбад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи панҷшанбе дар нишасти бахшида ба солгарди 15-уми таъсиси нирӯҳои марзбонии кишвараш таъмини ҳифозати марзҳои минтақа бо Афғонистонро зомини таъмини суботу амнияти нафақат кишварҳои шӯравии собиқ, балки қораи Аврупо ҳам номид ва хостори ҳамкорӣ ва кӯмаку мусоидати бештари Аврупо дар амри тақвияти тавонмандиҳои нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон шуд.

ИА дар соли 2007 стротежии ҷадидаш дар қиболи кишварҳои Осиёи Марказиро муаррифӣ кард, ки то соли 2013-умро фаро гирифта, ду маротиба афзоиш додани кӯмакҳои ин созмони қораӣ ба 5 кишвари ин минтақаро дар назар дорад.
Маблағи умумии кӯмакҳои ИА барои Қазоқистону Қирғизистон, Узбакистону Туркманистон ва Тоҷикистон 750 миллион евро баровард шуда, аз ин маблағ 66 миллион евроаш барои Душанбе ихтисос ёфтааст.

Намояндагии ИА дар Душанбе коҳиши мизони фақр ва боло бурдани самараи идораи умумрро аз самтҳои авлавиятнок барои Куммиссиюни Аврупо дар Осиёи Марказӣ хонда, афзудааст, дар чаҳорчӯби мушорикати Иттиҳодияи Аврупо бо Осиёи Марказӣ ҳамкориҳояш бо кишварҳои минтақаро ба хотири пайдо кардани масирҳои нави энержӣ, бо шумули лӯлаҳое, ки бояд тавассути баҳри хазар кашида шаванд, идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG