Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолшавии ислоҳотхоҳон дар остонаи интихобот


Ҷонибдорони номзадии ислоҳотталаб Ҳусайни Мусавӣ дар шаҳри Табрез
Ҷонибдорони номзадии ислоҳотталаб Ҳусайни Мусавӣ дар шаҳри Табрез

Ислоҳотталабони эронӣ бо истифода аз тамоми васоили имконпазир, назири телефон, пайёмҳои телефонӣ, имейл ва наворҳои видеоӣ, кушиш доранд қишри хомуши интихобкунандагони кишварро бедор кунанд.

Сомонаи машҳури интернетии Фейсбук, ки аз он ҳамчун як сайти иҷтимоӣ ҳам ёд мешавад, маконе гардид, ки эрониҳои ислоҳотталаб тавассути пахши аксҳо, матолиб ва наворҳои видеоӣ дар он талош доранд ба райдиҳандагони хомуш таъсир расонанд ва бад-ин васила таваҷҷӯҳи раъйдиҳандагонро ба маъракаи интихоботӣ бедор кунанд.

Навори видеоие, ки ҷонибдорони номзади президентӣ Ҳусайни Мусавӣ онро дар Фейсбук ҷой доданд, шӯҳрати бениҳояти бинандагонро касб кардааст. (Хонандагони сомона метавонанд бо ин навор дар суроғаи зерин ошно шаванд: http://www.setadema.com/clipsetadema.htm ). Дар навор гулчини аксҳо зери нави оҳанге аз дастаи ҳунарии 127 намоиш дода шудааст. Суруд бинандагонро даъват мекунад, ки дар бораи ояндаи насли ҷавон фикр кунанд.

Чунин наворҳо бахши стратегияи фарогиририи дастикам 30 дар сади интихобкунандагони эронӣ мебошад, ки ин тақрибан 20 миллион нафарро ташкил медиҳад. Соли 2005 ин 20 миллион нафар тасмим гирифтанд, ки дар интихоботи президентӣ ширкат накунанд. Дар шаҳрҳои бузург, назири Теҳрон, то 45 дарсади онҳое, ки ҳақи интихоб карданро доштанд, ба назди ҳавзаҳои интихоботи наомаданд.

Сабаби бефаъолиятии онҳо гуногун буд. Баъзеҳо нороҳат буданд, ки номзадашонро мақомот ба маърака роҳ надоданд. Дигарон аз он маъюс шуда буданд, ки ислоҳотталабон натавонистанд ваъдаҳояшонро иҷро кунанд. Баъзеҳо бо нишони мухолифат ба ҳукумати амалкунанда қарор карданд дар хона бимонанд.

Миёни чунин интихобкунандагони хомуш Ҷавод ном донишҷӯи 25-солаи Донишгоҳи Озоди Теҳрон низ буд. Ҷавод дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ба нишони норизояташ аз раҳбарони кишвар дафъаи гузашта ба раъйдиҳӣ нарафт ва ҳамакнун бо гузашти чаҳор сол Ҷавод ба хулоса омадааст, ки таҳрими интихобот ҳеҷ натиҷае ба бор наовард. Вай афзуд, ки сӯҳбат бо падараш ӯро водор кардааст, дар интихоботи 12 июн ширкат кунад.

Ризои 30-сола аз Теҳрон низ соли 2005 дар овоздиҳӣ иштирок накард. Вай гуфт, ки аз набуди озодиҳои хусусӣ, имконоти кам барои ҷавонон ва эҳсоси он, ки раъйи ӯ ҳеҷ чизро ҳал нахоҳад кард, афсурдахотир шуда буд. Аммо Ризо низ ин навбат қасд дорад ба ҳавзаи интихоботи рафта, ба тарафдории номзади мавриди назараш овоз диҳад. Вай гуфт, ки сиёсати хатарноки беруна ва дохилии раисиҷумҳур Аҳмадинажод ӯро ба чунин тасмим такон додааст.

Дар пешорӯи интихобот ислоҳотталабон бо тамоми қувва кӯшиш доранд, ба ашхоси мисли Ризо таъсир расонанд. Як сомонаи интернетӣ аз раъйдиҳандагон даъват кардааст, ки ҳар як нафар метавонад худ нақши ситоди интихоботиро иҷро карда дасти кам чор нафарро телефонӣ барои овоз додан зидди Аҳмадинажод пои сандуқи раъй биёрад.

Дар як паёми интихоботӣ гуфта мешавад, ки саркашӣ аз ширкат дар интихобот ин эътироз нест, балки ақибнишинист. Дар дигар чунин пайом омадааст, ки “агар шумо овоз додан нахоҳед, рӯзи баъд аз интихобот тасаввур кунед, ки шумо хабари дубора интихоб шудани Аҳмадинажодро шунидед”. Ҳадафи ин паёмҳо ошкор аст: раъйдиҳандаро даъват мекунанд, ки ба яке аз ду номзади ислоҳотталаб, яъне собиқ нахуствазир Мусавӣ ё собиқ раиси порлумон Меҳдии Каррубӣ овоз диҳанд.

Фаъолон мегӯянд, ки баъд аз сари қудрат омадани Аҳмадинажод дар Эрон вазъи ҳуқуқи башар, ки бе ин ҳам бад буд, боз ҳам сангинтар шуд. Журналисти машҳур ва таҳлилгари сиёсӣ Мошолло Шамсулвоизин бар ин ақидааст, ки стратегияи нодурусти Аҳмадинажод дар ангезиши интихобкунандагони хомуш нақши калидиро бозидааст. Аммо дигар омилҳо ба интихобкунандагони эрони низ таъсир доштаааст.

Алорағми хушбиниҳои оқои Шамсулвоизин интизор меравад, ки барои номзадҳои ислоҳотталаб ин набарди бисёр мушкил хоҳад буд, чунки бино бар хабарҳо қишрҳои қашоқу нодори кишвар аз Аҳмадинажод ҳимоят мекунанд ва илова бар ин чандин ниҳодҳои калидии кишвар низ тарафдорони ӯ ҳастанд.

Тибқи натиҷаҳои назарсанҷиҳо шонсҳои Аҳмадинажод ва Мусавӣ баробар буда, онҳо дар сархати сабқати интихоботӣ қарор доранд ва аммо шумораи тарафдорони Каррубӣ низ ба зуди афзоиш меёбад. Ягона номзаде, ки шонси интихоб шуданро надорад, ин муҳофизакор Муҳсини Ризоӣ мебошад, вале дар нисбати ӯ ҳам таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳатто шумораи ночизи тарафдоронаш метавонад дар ниҳоят нақши ҳалкунандаро бозад, чунки аз ин роҳ Аҳмадинажод аз раъйҳои зарурӣ маҳрум хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 12-уми июн дар Эрон куллан 46 миллион афроди воҷиби раъй хоҳанд тавонист барои интихоби раисиҷумҳурии нави худ овоз диҳанд.
XS
SM
MD
LG