Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

19 қурбонии таркиш дар Зоҳидони Эрон


Таркиши бомб дар масҷиди Зоҳидони Эрон дасти кам 19 нафарро кушта ва 125 намозгузори дигарро маҷрӯҳ ба ҷо гузошт.

Вилояти ҷанубушарқии Сиистону Балуҷистон наздик ба марзи Покистону Афғонистон буда вазъи амниятии маркази маъмурии он шаҳри Зоҳидон чун хатарнок арзёбӣ мешавад. Ин ҷо ҳодисаҳои бархӯрди полис бо қочоқбарони маводи мухаддир зиёд мушоҳида мешавад.

Раиси вилояти Сиистону Балуҷистон Алимуҳаммад Озод эълон кардааст, ки таркиш кори дасти террористон буд. Вале ӯ аз додани тафсилоти бештар худдорӣ намудааст.

Дар сӯҳбат бо радиои Фардо як сокини Зоҳидон гуфт, ҳоло шаҳрро нерӯҳои амниятӣ таҳти назорат даровардаанд. Аз назари бархе, эҳтимолан таркиши мазкур бо ҳадафи халалдорсозии вазъи амниятӣ дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурии 12 июн ташкил шуда бошад.

Ҳанӯз омилони ин таркиш мушаххас нашудааст, ҳарчанд аз боздошти чанд нафар гузориш мешавад.
XS
SM
MD
LG