Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таркиши Зоҳидон кори дасти террористон аст"


Таркиши бомбае дар масҷиди Зоҳидони Эрон дасти кам 19 нафарро кушта ва 125 намозгузори дигарро маҷрӯҳ ба ҷо гузошт. Вилояти ҷанубушарқии Сиистону Балуҷистон наздик ба марзи Покистону Афғонистон буда вазъи амниятии маркази маъмурии он шаҳри Зоҳидон чун хатарнок арзёбӣ мешавад. Ин ҷо ҳодисаҳои бархӯрди полис бо қочоқбарони маводи мухаддир зиёд мушоҳида мешавад. Раиси вилояти Сиистону Балуҷистон Алимуҳаммад Озод дар як сӯҳбат бо хабарнигори ИРНО гуфт, ки таркиш кори дасти террористон буд. Вале ӯ аз додани тафсилоти бештар худдорӣ кард. Дар сӯҳбат бо радио Фардо як сокини Зоҳидон гуфт, ҳоло шаҳрро нирӯҳои амниятӣ таҳти назорат даровардаанд. Аз назари бархе эҳтимолан таркиши мазкур бо ҳадафи халалдорсозии вазъи амниятӣ дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурии 12 июн ташкил шуда бошад. Ҳанӯз омилони ин таркиш мушаххас нашудааст, ҳарчанд аз боздошти чанд нафар гузориш мешавад.
XS
SM
MD
LG