Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон қимати бензин 30 % боло рафт


Мақомоти Вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз болоравии қиммати маводди сӯхт дар кишвар иттилоъ доданд. Ба гуфтаи ин вазорат танҳо дар як ҳафтаи ахир арзиши як литр бензин то сӣ дарсад боло рафтааст. Яъне, агар қаблан баҳои як литр бензин вобаста ба навъаш аз 2 сомониву 30 дирам то 2 сомониву 80 дирам арзиш дошт, ҳоло он ба 3 сомониву 60 дирам баробар шудааст. Вазорати иқтисод гарон шудани баҳои бензин дар Тоҷикистонро ба беқурбшавии сомонӣ дар баробари асъори хориҷӣ, бахусус доллари амрикоӣ, арзёбӣ кардааст. Ҳамасола Тоҷикистон барои бароварда сохтани эҳтиёҷҳои бензинии худ аз хориҷ бештар аз 400 ҳазор тон маводи сӯхт ворид мекунад.
XS
SM
MD
LG