Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Путину Лукашенка дар Минск


Владимир Путин, нахуствазири Русия дирӯз дар Минск бо раиси ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенка мулоқот кард. Ин мулоқот чанд рӯз баъди танқиди раҳбари Беларус аз Маскав баргузор шуд.
Вазири молияи Русия Александр Кудрин, ки ҳамроҳи Путин дар Минск ба сар мебарад, гуфт, ки Маскав дархости Минскро оид ба ироаи 9 миллиард доллар қарз барои бунёди як нирӯгоҳи ҳастаӣ мавриди омӯзиш қарор додааст. Кудрин афзуд, ки Русия бояд мутақоид шавад, ки тарҳи мазкур барои эҷоди як бозори воқеӣ барои фурӯши маводи энержӣ мусоидат мекунад. Вазири молияи Русия инчунин гуфт, ки Минск пешниҳоди Маскавро дар бораи пардохти 500 миллион доллар маблағ бо пули русӣ рад кард. Ин пулҳо бахше аз ду миллиард доллар қарзи куллии Русия ба Беларус аст, ки дар бораи ироаи он соли гузашта Минску Маскав тавофуқ ҳосил карда буданд. Ҳафтаи гузашта Лукашенка дар як изҳороташ Маскавро барои ваъдахилофиҳояш танқид карда гуфт, ки Беларус роҳи дигаре ба ҷуз наздик шудан бо Иттиҳодияи Аврупо надорад.
XS
SM
MD
LG