Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду таркиши Пешавар 5 касро кушт


Мақомоти Покистон мегӯянд, ки дар натиҷаи таркиши ду бомба дар шаҳри шимолуғарбии Пешавар дирӯз дасти кам панҷ нафар кушта ва тақрибан 100 кас маҷрӯҳ шуданд. Дар фурсати кӯтоҳи баъди ин таркишҳо полис гуфт, ки маргталаби эҳтимолие дар як ҳамла болои посгоҳи полисе дар беруни шаҳр чаҳор афсари полисро кушта бар ҷой гузошт. Ин ҳодисаҳо дар ҳолест, ки рӯзи чоршанбе дар натиҷаи таркиши мошини бомбгузоришуда дар Лоҳур 24 нафар кушта ва 300 тан маҷрӯҳ гардиданд. Толибон иддао кардаанд, ки онҳо ба ин шакл аз амалиёти артиш дар водии шимолу ғарби Свот интиқом гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG