Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба нақши созмонҳои ифротгаро ишора мекунад


Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, ба бовари онҳо дар паси рӯйдодҳои ахири водии Фарғона созмонҳои ифротгаро истодаанд. Намояндаи расмии вазорати умури хориҷии Русия Андрей Нестеренко дар робита ба ҳамлаи шаби 25 ба 26 май ба як посгоҳ дар марзи Узбакистону Қирғизистон гуфт, “бино ба яке аз фарзияҳо, ҳамлаи Хонободро ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон анҷом додаанд. Бино бар маълумоти дигар, масъулияти ин ҳамаро созмони маҳаллии террористии то ҳол камошнои Ҷиҳоди исломӣ бар ӯҳда гирифтааст.” Андрей Нестеренко гуфт, ҷониби Русия таҳаввули вазъ дар водии Фарғонаро, ки дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон ва Узбакистон ҷойгир аст, ботаваҷҷӯҳ назорра мекунад. Ӯ афзуд, дар ин водӣ, қарори маълум, ифротгароёни мазҳабӣ ба қадри кофӣ фаъол мебошанд. Ба гуфтаи додситонии кулли Узбакистон, шаби 25 ба 26 май як посгоҳи милиса дар даромадгоҳи шаҳраки Хонобод ҳадафи ҳамла қарор гирифта, зӯҳри сешанбе як марди ношинос худро дар шаҳри Андиҷон таркондааст. Бар асари ин ҳамлаи маргталабона, ба таъйиди додситонии Узбакистон, як корманди милиса кушта ва се раҳгузар захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG