Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Маскав ба рӯйдодҳои ахири Узбакистон


Андрей Нестеренко
Андрей Нестеренко

Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, ба бовари онҳо, дар паси рӯйдодҳои ахири водии Фарғона созмонҳои ифротгаро истодаанд.

Намояндаи расмии вазорати умури хориҷии Русия Андрей Нестеренко дар робита ба ҳамлаи шаби 25 ба 26 май ба як посгоҳ дар марзи Узбакистону Қирғизистон гуфт, “бино ба яке аз фарзияҳо, ҳамлаи Хонободро ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон анҷом додаанд. Бино бар маълумоти дигар, масъулияти ин ҳамаро созмони маҳаллии террористии то ҳол камошнои Ҷиҳоди исломӣ бар ӯҳда гирифтааст.”

Андрей Нестеренко гуфт, ҷониби Русия таҳаввули вазъ дар водии Фарғонаро, ки дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон ва Узбакистон ҷойгир аст, ботаваҷҷӯҳ назорра мекунад. Ӯ афзуд, дар ин водӣ, қарори маълум, ифротгароёни мазҳабӣ ба қадри кофӣ фаъол мебошанд. Намояндаи вазорати умури хориҷии Русия даъват кард, ки ба ҳар навъ ахбору гузориши расида аз ин минтақа “ҳаддалимкон боэҳтиёт” муносибат кунанд.

Ба гуфтаи додситонии кулли Узбакистон, шаби 25 ба 26 май як посгоҳи милиса дар даромадгоҳи шаҳраки Хонобод ҳадафи ҳамла қарор гирифта, зӯҳри сешанбе як марди ношинос худро дар шаҳри Андиҷон таркондааст. Бар асари ин ҳамлаи маргталабона, ба таъйиди додситонии Узбакистон, як корманди милиса кушта ва се раҳгузар захмӣ шуданд.

Вилояти Андиҷон дар моҳи майи соли 2005 низ шоҳиди рӯйдодҳои хунин шуда буд. Давлати Узбакистон тазоҳуроти эътирозии мардум дар Андиҷонро бо истифода аз нирӯ саркӯб кард ва дар натиҷа, бино бар эътирофи худи Тошканд, 187 нафар, вале ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи башар, шумори бамаротиб бештари тазоҳургарон кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG