Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоботи президенти Молдова ба таъхир уфтод


Рӯзи панҷшанбе парламенти Молдова бо ишора ба бунбаст дар равобити вакилони коммунист ва мухолифин эълон кард, ки интихоби президенти ин кишварро то 3 июн ба таъхир мегузорад. Дар Маҷлиси қонунгузори Молдова, ки аз 101 курсӣ иборат аст, коммунистон 60 курсиро дар ихтиёр доранд, аммо тибқи қонуни асосии ин кишвар,барои интихоби раисҷумҳур дастгирии ҳадди ақалл 61 вакили мардумӣ зарур аст. Ҳафтаи гузашта барои тасдиқи номзади коммунистон як овоз нарасид, зеро тамоми вакилони мухолифи ҳукумат дар раъйдиҳӣ иштирок накарданд. Агар дафъаи дуюм ҳам овоздиҳӣ бенатиҷа ба анҷом расад, парламент бояд лағв ва дар Молдова интихоботи нави парламентӣ барпо шавад.
XS
SM
MD
LG