Пайвандҳои дастрасӣ

Ду таркиши дигари пурқурбонӣ дар Покистон


Полиси Покистон мегӯяд, имрӯз дар шаҳри шимолу ғарбии Пешовари ин кишвар ду бомба таркида, ҳаёти камаш як нафарро аз байн бурд. Дар ин ҳодисаҳо ҳадди ақалл 20 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Назар ба гузоришҳои расида, шояд шумораи қурбониҳо боз ҳам афзоиш ёбад. Рӯзи чоршанбе бар асари бомбгузории маргталабона дар шаҳри Лоҳури Покистон 24 кас кушта ва 300 нафари дигар захмӣ шуданд. Толибон масъулияти ҳамлаи рӯзи чоршанберо бар дӯш гирифта, иброз доштаанд, ки он ҷавоб ба амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ дар дараи Свот аст.
XS
SM
MD
LG