Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи ислоҳи қонун дар бораи Бонки миллӣ таъини раиси Бонки миллӣ аз ин ба баъд барои ҳафт сол ва муовинони вай барои панҷ сол аз сӯи Раисҷумҳури Тоҷикистон сурат мегирад.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон даст ба ислоҳоти низоми бонкии ин кишвар задаанд.

Онҳо бо ислоҳи қонун дар бораи Бонки миллӣ, ваколатҳои Бонки Миллиро тағйир додааанд. Тибқи ин ислоҳот таъини раиси Бонки миллӣ аз ин ба баъд барои ҳафт сол ва муовинони вай барои панҷ сол аз сӯи Раисҷумҳури Тоҷикистон сурат мегирад. Дар ҳоле, ки қаблан раиси Бонки миллӣ ба таври бемӯҳлат таъин мешуд.

Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллӣ мегӯяд, бо ин вуҷуд, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, ин нафаронро барои чанд давра таъйин ва ё барканор кунад.

Тибқи ислоҳи дигаре дар ин қонун, минбаъд ба ҳайъати мудираи Бонки Миллӣ аз намояндагони ҷомеаи маданӣ, аз ҷумла собиқадорони арсаи бонкдорӣ ва пажӯҳишгарони иқтисод шомил хоҳанд шуд. Ин нафаронро барои узвият дар ҳайъати мудира масъулони Бонки Миллӣ интихоб мекунанд.Ба қавли масъулони бонки миллӣ, ин амр ба хотири фароҳам кардани шароит, ҷиҳати таъмини шаффофияти кори Бонки миллӣ пеш гирифта шудааст.
Ҳамчунин дар оянда Бонки Миллӣ муваззаф аст судеро, ки аз фаъолиятҳои худ ба даст овардааст, ба буҷети кишвар ворид кунад. Дар гузашта, Бонки Миллӣ ҳақ дошт, қисме аз ин маболиғро дар ихтиёри худ гузорад.


Ҳамчунин ба хотири ҷилавгирӣ аз сӯистифода аз мақоми хидматӣ ё узвият дар ҳайъати мудираи Бонки Миллӣ, зимни қабули қарорҳои ин бонк, ба қонун дар бораи Бонки миллӣ тағйирот ворид шудааст. Аз ҷумла, агар қарори Бонки Миллӣ бо фаъолияти ин ё он бонк иртибот дошта бошаду намояндаи ҳамон бонк узви ҳайъати мудира бошад, он намоянда дар тасмимгирии Бонки Миллӣ дар мавриди бонки худ ширкат нахоҳад кард.

Ҳамчунин дар оянда Бонки Миллӣ муваззаф аст судеро, ки аз фаъолиятҳои худ ба даст овардааст, ба буҷети кишвар ворид кунад. Дар гузашта, Бонки Миллӣ ҳақ дошт, қисме аз ин маболиғро дар ихтиёри худ гузорад.

Бар асоси ин тағйирот, аз ин ба баъд Бонки Миллӣ бо ширкатҳои хусусӣ ҳамкорӣ намекунад ва барои ширкатҳои хусусие, ки аз кишварҳои хориҷӣ қарз дарёфт мекунанд, замонат нахоҳад дод. Ҳамчунин бино ба ислоҳоти ворида, Бонки миллӣ аз танзими баҳои пули миллӣ дар кишвар озод аст.

Шариф Раҳимзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, аз ин ба баъд ин бонк муваззаф нест, ки қурби сомонӣ, пули миллии ин кишварро дар баробари арзҳои дигари хориҷӣ танзим кунад. Вай гуфт, ки ин тағйирот ба хотири муассир сохтани фаъолияти Бонки миллӣ бо тақозои созмонҳои молии байналмилалӣ сурат гирифтааст.

Ба қавли оқои Раҳимзода, ислоҳоти қонуни Бонки миллӣ дар пайи тавсияҳои ширкати байналмилалии «Ernst and Young» дар паи аудити фаъолияти ин муасисаи молӣ гирифта шудааст.

Инчунин бар асоси ин ислоҳот, соли молӣ дар Бонки Миллӣ ба мисли муассисоти дигари Тоҷикистон аз ин ба баъд аз 1 январ то 31 декабр муқаррар мешавад. То ҳол, соли молӣ дар Бонки Миллӣ ба мисли кишварҳои ғарбӣ, аз 1 апрел то 31 март муқаррар мешуд.

Ба ҳамин тартиб, тибқи ин ислоҳот, вазифаи аслии Бонки Миллӣ аз танзими низоми бонкӣ, муъомилоти пулӣ ва қимматҳо дар Тоҷикистон иборат хоҳад буд.

Гулчеҳра Бозорова, раиси Кумитаи иқтисод, буҷет, молия ва андози Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, ки ислоҳоти феълии қонун дар бораи Бонки Миллӣ ба тақвияти низоми бонкӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Аммо бархе коршиносон баъзе аз нуктаҳои ислоҳоти қонун дар бораи Бонки миллиро ба шароити феълии Тоҷикистон нодурусту номувофиқ медонанд. Аз ҷумла, академик Нуриддин Қаюмов мегӯяд, агар бар асоси тағйироти ворида ба қонуни мазкур, минбаъд Бонки миллӣ дар танзими қурби пули миллӣ муваззаф нашавад, пас кӣ бояд ин корро анҷом диҳад.

Ислоҳоти низоми Бонки миллӣ, баъд аз тасвиби тағйироти ворида ба қонун дар бораи Бонки миллӣ, аз сӯи Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва имзои раисҷумҳурии Тоҷикистон ба амал хоҳад омад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG