Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эй бачаи майдаҳаки найовозум, аллаё...


Эй бачаи майдаҳаки найовозум, аллаё... Ҳамраҳи ҷонум аллаё… “Аллаё, аллаё, алла. Алла бугум хови говарат бараё, аллаё, аллаё, алла. Ҳамраҳи ҷонум алла, қуввати дилум алла…..”

Ин суруди аллаи модари 68 сола, бо номи Ҳамроҳбибӣ аст. Вай 9 фарзанду 16 набера ва 4 абера дорад. Вай мегӯяд бо ҳама серкорӣ ҳамеша вақт пайдо кардаву барои фарзандон ва набераҳояш алла мегӯяд ва алла барояш як василаи кам кардани ғами дил ҳам ҳаст, ғами 3 фарзанди мусофираш, ки беш аз 10 сол ба ин сӯ дар Русия мардикорӣ мекунанд.

“Эй бачаи майдаҳаки найовозум, аллаё, аллаё, алла.
Ман най бихарум тура ба най бинвозум, аллаё, аллаё, алла.
На овози най расаву на овозум аллаё, аллаё, алла.
Ғамҳои тура чӣ гуна дармон созум, аллаё, аллаё, алла…”

Хонум Ҳамроҳбибӣ мегӯяд:
“Ҳамин бо аллагӯӣ камтар ҳам бошад, ғами диламро берун мекунам. Набераҳои ман одат кардаанд, то аллашон нагум, хобшон намебарад.”

Аллагӯӣ низ, ба монанди қиссаву афсонагӯӣ ва достонсароӣ, як ҷузъе аз фарҳанги кӯҳани тоҷикон аст, ки роҳи тӯлонии таърихро тай кардаву албатта бо чандин дигаргуниҳо то ба замони муосир омада расидааст. Алла ҳамеша ҳамроҳи ҳодисоти давру замон ва таҷассумгари зиндагии одамон будааст. Ва дар аксар маворид мавзӯи меҳварии аллаи модарон сари гаҳвораи тифл, дарди ғарибӣ, дурӣ аз ёру диёр, дарди ишқи ноком будааст.

Модарон дар суруди аллаи худ маъмулан он розҳои ниҳонӣ ва орзуву ормонҳоеро, ба забон меоварданд, ки барои гӯшу ҳуши дигарон нест. Ва бояд гуфт, ки аллагӯӣ сари гаҳвораи тифл барои қариб тамоми мардуми ҷаҳон роиҷ аст ва дар бисёр аз кишварҳои олам ба он ҳамчун ба як ҷузъе аз фарҳанги қадимииву аҷдодии худ, эҳтиром мегузоранд.
“Ҳамин бо аллагӯӣ камтар ҳам бошад, ғами диламро берун мекунам. Набераҳои ман одат кардаанд, то аллашон нагум, хобшон намебарад.”


Аммо коршиносони тоҷик бо изҳори таассуф мегӯянд, ки солҳои ахир аллагӯӣ- ин шохаи фарҳанги зебои тоҷикӣ дар Тоҷикистон, хусусан дар миёни занони шаҳрнишин коҳиш ёфтааст ва он батадриҷ гӯшаи фаромӯширо ихтиёр мекунад ва алларо дар пойтахт метавон гоҳ-гоҳе аз занҳои солманд ва дар ҳунарнамоии дастаҳои мусиқии таронаҳои мардумӣ шунид.

Ин дар ҳолест,ки ба гуфтаи куҳансолон дар гузашта ба ҳар духтари ба балоғатрасида, ки мехост оила барпо кунад, модару модаркалон дар баробари дарсҳои дигари оиладорӣ, аллагӯиро сари гаҳвораи тифл махсус меомӯзондаанд.

Моҳрухсор Сафиева ҳунарманди дастаи “Фалак”–и кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, мегӯяд:
“Ман натанҳо дар саҳна суруди алла мехонам, балки ҳамеша фарзандонамро бо алла мехобонам. Алла натанҳо тифлро ором ва зеҳнашро рушд мебахшад, балки асаби худи маро низ, ором мекунад.Ҳар қадар, ки модар алларо бо меҳру муҳаббат ва навозиш мегӯяд, тифл ҳамон қадар меҳрубону ором калон мешавад”.

Равоншиносон хулоса кардаанд, хурдсолоне, ки аз модаронашон алла шунидаанд, оромтабиат, нарммиҷоз ва меҳрубонтаранд, нисбат ба он кӯдаконе, ки аз он бенасиб мондаанд .

Кӯдаке, ки худ тоза раҳравиро омӯхтааст, бо лафзи ширини маъсумонааш зоча, хоҳарча ё додарчаи навзодашро дар гаҳвора дидан баробар бо тақлид ба аллагӯии модараш, ба ҷунбониданину аллагӯӣ шурӯъ мекунад. Вай тавассути алла муҳаббат ва меҳрубонии худро ба ӯ ошкор месозад.

Чаро занҳои ҷавони тоҷик аз аллагӯӣ сари гаҳвораи тифлашон шарм мекунанд ва алларо як чизи кӯҳнашудаву аз забонуфтода медонанд. Оё коршиносон ва занҳои солманд дар ин бора чӣ андеша доранд.

Холаи Ҳафизаи 90 сола аз ноҳияи Рашт, ки худ модари 10 фарзанда аст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:
“ Ҳар кас ҳам алла гуфт наметавонад. Алла як чизе ҳаст, ки ба Худо ҳам хуш меояду ба банда ҳам. Бо садои алла тифл хоби роҳат меравад. Ҳатто худораҳматии мусафедум вақте ман дар сари гаҳвора алла мегуфтум, гӯш мекард ва оби чашм мерехт. Мегуфт дилум сабук мешава, вақте ту алла мегӯӣ. Лекин ҳозира занҳои ҷавон алла намеган, ёдшонам диҳӣ, намеган. Охир,чӣ хел мешава, ки алла нагӯӣ кудака?”

Коршинос Рустам Одилов дар робита ба аллаи модарон мегӯяд:
“ Алла шакли тағйирхӯрдаи вожаи Оллоҳ аст. Яъне он як навъ ниёиш, муроҷиат ба Худо ва баёни розҳои ниҳони дил ба холиқи якто будааст. Алла нахустин паёми модар ба навзодаш аст.Муҳаббату дилбастагии модару фарзанд ва пайванди онҳо бо ду роҳ: яке бо шир ва дигаре бо алла ба вуҷуд меояд”.

Коршиносон ҳадс мезананд, ки шояд ин ҷузъи фарҳанги зебои тоҷикӣ баъди ду ё се даҳсолаи дигар, яъне бо даргузашти насли калонсол аз хотирҳо зудуда шавад. Аз ин рӯ бояд ба модарони ҷавон бо ҳар васила аллагӯӣ сари гаҳвораи тифл талқин карда шавад ва фолклоршиносон дар робита ба таърихи гузашта ва имрӯзи алла як пажӯҳиши мушаххас анҷом диҳанд ва намунаҳои онро дар манотиқи мухталифи кишвар гирд оварда дар шакли як китоб дар ихтиёри хонанда гузоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG