Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии «Регар» бар «Спитамен»


Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар бозии мавқуфмондаи даври 7-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Дар ин дидор ҳарду голро капитани дастаи мизбон Хуршед Маҳмудов дар дақиқаҳои 8-ум ва 88-ум ба самар расонд.

Вале пас аз ин бозӣ мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа тағйир наёфт. Пеш аз бозиҳои даври охирини марҳилаи аввали мусобиқа дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 22 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад. «Вахш» ягона дастаест, ки ба мағлубият дучор нашудааст. «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо 19 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Регар» ТадАЗ бо 17 имтиёз дар ҷои севум мебошанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа баъди даври 8-ум

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Вахш»

8

7

1

0

17-5

22

2.

«Хуҷанд»

8

6

1

1

19-6

19

3.

«Регар» ТадАЗ

8

5

2

1

15-7

17

4.

«Истиқлол»

8

4

2

2

14-11

14

5.

«Парвоз»

8

3

4

1

11-7

13

6.

«Равшан»

8

2

2

4

13-15

8

7.

«Энергетик»

8

2

1

5

19-16

7

8.

«Спитамен»

8

1

3

4

7-14

6

9.

CСKA «Помир»

8

0

2

6

6-17

2

10.

«Гвардия»

8

0

2

6

2-28

2


Беҳтарин голзанҳо: Нӯъмонҷон Ҳакимов («Вахш») – 7 гол, Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») – 6 гол, Баҳодур Шарифов («Хуҷанд»), Юсуф Рабиев («Истиқлол») ва Хуршед Маҳмудов ("Регар" ТадАЗ) - 5-голӣ.

Бозиҳои даври 9-ум: 30-юми май – ССКА «Помир» - «Энергетик», «Спитамен» - «Истиқлол», 31-уми май - «Гвардия» - «Равшан», «Парвоз» - «Хуҷанд», «Регар» ТадАЗ - «Вахш».
XS
SM
MD
LG