Пайвандҳои дастрасӣ

"Барқи Тоҷик" иддаои Сангтӯда-1-ро радд кард


Ширкати “Барқи Тоҷик” иддаои маъмурияти нирӯгоҳи аввали Сангтӯда дар мавриди иллатҳои қатъ шудани сохтмони ин нирӯгоҳ радд кард. Сухангӯи “Барқи Тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ гуфт, иллати қатъ шудани ин сохтмон қарзи ҷамъшудаи ширкати онҳо нест, чунки маблағгузории сохтмон аз ҳисоби будҷаи Тоҷикистон ва асосан Русия сурат мегирад ва ба пардохти пули нирӯи барқ бастагӣ надорад. Мақомоти Сангтӯда-1 қаблан гуфта буданд, ки ҷониби Тоҷикистон 18 миллион доллар қарзи ҷамъшудаашро то ҳол пардохт накардааст ва ба ин далел сохтмони нирӯгоҳ мутаваққиф мешавад. Қарор буд, чархаи чорум ва охирини Сангтӯда-1 дар 15 май дар ҳузури руъасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Русия ба кор андохта шавад. Вале сафари Дмитрий Медведев ва ҳам расми ифтитоҳи ин нирӯгоҳ то моҳи август ба таъхир гузошта шуд. 75 дарсади саҳмияҳои Сангтӯда-1 дар дасти Русия аст.
XS
SM
MD
LG