Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

28 май - Рӯзи марзбонони тоҷик


Имрӯз ба таъсиси нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон 15 сол пур мешавад. 28 май ба ин муносибат дар Тоҷикистон Рӯзи нирӯҳои марзбонӣ эълон шудааст. Марзбонони тоҷик дар ҳоли ҳозир ҳифозати беш аз 4,5 ҳазор километр марзҳои Тоҷикистон бо Узбакистону Қирғизистон ва Афғонистону Чинро бар дӯш доранд. Мушкилтарин минтақа 1344 километр тӯли марз бо Афғонистон аст, ки масъулияти ҳифозаташ дар соли 2005 аз нирӯҳои марзбонии Русия ба марзбонони тоҷик таҳвил ёфт. Марзбонони тоҷик дар марз бо Афғонистон бо чолишҳое, чун қочоқи маводи мухадддир ва марзшиканӣ рӯбарӯ буда, мушкили аслии онҳо дар марз бо Узбакистон майдонҳои аз ҷониби Тошканд минакоришуда аст, ки то кунун мунҷар ба ҳалокати даҳҳо нафар шудааст. Ба назари таҳлилгарон, маоши кам, фасоди густарда ва мушкилоти моливу фаннӣ аз умдатарин масоилест, ки тавони нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар амри муқобила бо ин чолишҳоро кам мекунад.
XS
SM
MD
LG