Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳи Гул имрӯз вориди Тоҷикистон мешавад


Раисиҷумҳури Туркия Абдуллоҳ Гул имрӯз вориди Душанбе мешавад. Қарор аст, оқои Гул бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақоми аввали Тоҷикистон масоили марбут ба вазъи ҳамкориҳои Душанбеву Анкараро баррасӣ кунад. Дар ҷараёни ин сафар имзои чанд қарордоди ҷадиди ҳамкорӣ байни ду кишвар дар назар буда, Абдуллоҳ Гул ҳамчунин аз корхонаи алюминсозии ТАЛКО дар шаҳри Турсунзода ва аз литсейи туркии ба номи Ҳоҷӣ Камол дидан мекунад. Абдуллоҳ Гулро дар ин сафар беш аз 100 намояндаи ширкатҳои тиҷории Туркия низ ҳамроҳӣ мекунанд ва рӯзи 29 май бо ширкати президенти Туркия дар Душанбе ҳамоиши тоҷирони тоҷику турк доир хоҳад шуд. Соли гузашта мизони табодули молу коло байни Тоҷикистону Туркия тақрибан 500 миллион долларро ташкил дод, валетайи 4 моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми содироту воридот байни ин ду кишвар ҳамагӣ наздики 55 миллион долларро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG