Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони ҷамъиятии мавсум ба «Рушд» дар вилояти Хатлон мегӯяд, аксари нозирони интихоботӣ аз аҳзоби сиёсии вилояти Хатлон бо иллати надонистани қонунҳо ва тартиби назорати маъракаҳои раъйгирӣ дучори қонуншиканиҳо шуда, аз манофеи ҳизби худ дифоъ карда наметавонанд.

Бо чунин иддао ин созмон тасмим гирифтааст, барои нозирони ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳама 25 шаҳру ноҳияи ҷануби Тоҷикистон давраҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ доир кунад. Тарҳи мазкур бо пуштибонии молии Иттиҳодияи Аврупо амалӣ шуда, дар назар аст, ки дар ин даври омӯзиш бештар аз 500 узви аҳзоби сиёсӣ дар вилояти Хатлон ширкат намоянд.

Юсуф Маҳмадов, раиси созмони ҷамъиятии «Рушд» гуфт:
«Дар ҳақиқат аксари нозирон, наздики 70 фоизи нозирони аҳзоб пеш аз он ки ба интихобот назорат баранд, ҳеҷ гуна омӯзиш намегиранд. Ин боиси он мегардад, ки онҳо ба камбудиҳо роҳ медиҳанд ва ин босифат анҷом додани кори онҳоро халалдор мекунад».

Оқои Маҳмадов мегӯяд, бар асоси таҳқиқоти ахиран анҷомшуда аз сӯйи мутахассисони созмони «Рушд», мушкилоте, ки наздик ба 60 дар сади нозирон номбар мекунанд, асосан норасоии таҷҳизоти фаннӣ барои назорати интихобот ва нарасидани таҷрибаи нозирӣ мебошад. Ба сифати мушкилоти рӯзи баргузории интихобот нозирон фишор аз ҷониби намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ ва шахсони алоҳида, инчунин ихтилоф бо аҳзоби дигарро таъкид мекунанд.

Асадулло Шоев, раиси бахши Ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, вуҷуди ихтилоф ва рақобат миёни намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар шабу рӯзи маъракаҳои интихоботӣ як амри табиист ва дар интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ низ Ҳизби халқии демократӣ тавассути кори муассири нозирони худ мехоҳад пирӯзии навбатиро ба даст орад.

Дар ҳамин ҳол намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, бо манзури интихоботи, ба қавли худи онҳо, ношаффофу ноодилонаи парлумонии соли 2005-ум, дар интихоботи соли 2010-ум ҳизби онҳо дар ҳама ҳавзаю қитъаҳои интихоботии вилояти Хатлон ҳудудан ду ҳазор нафар нозири пуртаҷрибаи худро ба кор хоҳад андохт.

Азимҷон Ваҳҳобов, муовини раиси созмони Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Хатлон, мегӯяд:
«Вақте ки ҷомеа аз назари сатҳи фаҳмиш ва шуурнокии сиёсӣ то андозае заъиф аст ва мардум ҳанӯз манфиатҳои худро аз ширкат кардан дар интихоботҳо то андозае дарк намекунанд, аз тарафи дигар, чун нозирони маҳаллӣ таҷрибаҳои кофӣ надоранд, бинобар ин, имрӯз омӯзишҳои сиёсии нозирон, омӯзиши қоидаҳои назорати интихоботҳо, ахлоқи нозирӣ, бархурд бо аъзои комиссияҳои интихоботӣ ва қайди қонуншиканиҳо, хеле зарур ва ҳатмист».

Ва аммо бо вуҷуди таъкидҳои паёпайи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулини созмони ҷамъиятии «Рушд» бар сари зарурати бозомӯзии нозирони интихоботии аҳзоби сиёсӣ дар Хатлон, ба назар мерасад, ки бахши аъзами аҳзоб барои ширкат дар чунин давраҳои омӯзишӣ алоқамандӣ зоҳир намекунанд. Барои мисол, дар семинари омӯзишии созмони «Рушд» аз миёни ҳашт ҳизби сиёсӣ, ки дар Қӯрғонтеппа намояндагӣ доранд, нозирони интихоботии танҳо се ҳизби Халқии демократӣ, Наҳзати исломӣ ва чанд нафар донишҷӯ аз Ҳизби сотсиалист ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG