Пайвандҳои дастрасӣ

"Экспорт"-и ҳамлаҳои маргталабона ба ОМ?


Ҳамлаҳои маргталабона дар Ироқ дигар ба кори маъмулӣ табдил ёфтаанд

Ҳамлаҳои маргталабона дар Ироқ дигар ба кори маъмулӣ табдил ёфтаанд

Ҳамлаву тирандозӣ дар Ӯзбакистон, ки мақомоти расмӣ доир ба он гузоришҳои ба қавле “рангоранг” пахш карданд, ин дафъа боз ҳам суолҳоро доир ба зуҳуроти “ҳамлаи маргталабона” дар ин кишвар барангехт.

Мақомоти Ӯзбакистон пас аз тамоми ҳамлаҳое, ки дар ин кишвар иттифоқ афтодаанд, ангушти иттиҳомро ба сӯи кишварҳои хориҷӣ кардаанд, ки гӯё ҳамлаҳои маргталабона ва терористӣ дар қаламрави онҳо тарҳрезӣ шудааст. Ислом Каримов, раисҷумҳури Ӯзбакистон ҳанӯз дар ҳамлаҳои баҳори соли 2004 дар шаҳри Тошканд ба омилони хориҷие нафрин хонд, ки ба гуфтаи вай, ин ҳамлаҳои террористиро тарҳрезӣ кардаанд. Ҳамлаи ахири маргталабона дар Андиҷонро, ки ба гуфтаи додситонии Ӯзбакистон, боиси ҳалокати як корманди милиса шуд, як маъмури амниятӣ амали дасти Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон хонд, ки ба феҳрасти созмонҳои террористӣ ворид шудааст. Аммо як узви собиқи ин созмони тундрави исломӣ ба бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки ин иддао беасос аст, зеро, ба гуфтаи ӯ, ҲИУ имрӯз тақрибан вуҷуд надорад, онҳо пароканда шудаанд.

Ба гуфтаи Музаффар Олимов, мудири маркази пажӯҳишии “Шарқ” дар Тоҷикистон, дуруст аст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ифротгароии исломӣ афзудааст, аммо ҳамлаҳои маргталабона усуле нест, ки барои нишон додани эътирозашон мардум аз он кор бигиранд.

Ҳамлаҳои маргталабона, ки хоси гурӯҳҳои террористӣ ва тундрав дар Ховари Миёна аст, то чанд соли пеш ҳатто дар Афғонистони даҳсолаҳо боз гирифтори муноқишаву низоъ, мушоҳида нашуда буд. Баъди соли 2001 ва суқути гурӯҳи Толибон, ки мизбони ал-Қоида буд, ин усули ваҳшатноки ҳамларо ба Афғонистон ба истилоҳ "импорт" карданд. Дар ин кишвар соли 2001 танҳо як ҳамлаи маргталабона аммо дар соли соли 2006 ҳудуди 140 ҳамлаи маргталабона сабт шуд, ки на танҳо Афғонистон, балки тамоми ҷомеи ҷаҳониро нигарон кард.

Худоро шукр мегӯяд, Одинамаҳмад Ашӯров, раиси Шӯрои уламои исломии шаҳраки Ғарм, ки Тоҷикистон бо вуҷуди панҷ соли ҷанги харобиовар боре ҳам шоҳиди ҳамлаи маргталабона нашуд. Воқеан тайи ин панҷ соли муқовиматҳои дохилӣ дар Тоҷикистон касе шоҳиди он нашуда буд, ки ҳатто гурӯҳи мухолифи мазҳабӣ нафареро бо маводи мунфаҷира печонда ва сипас дастур дода бошад, ки худрову даҳҳо тани дигарро бикушад. Ҳарчанд бар асари балову фалокатҳои ҷанг садҳо нафар худро куштанд ва ҳанӯз ҳам бо сабабҳои хонаводагиву иҷтимоӣ солона садҳо нафар қасд ба ҷони хеш мекунанд. Ба гуфтаи Одинамаҳмад Ашӯров, ҳамлаи маргталабона барои фарҳанги мазҳабии мардуми Тоҷикистон бегона аст.

Аммо ҳама чунин хушбин нестанд ва мегӯянд, гурӯҳҳои тундрав метавонанд усулҳои гурӯҳҳои Ховари Миёнаро нусхабардорӣ кунанд ва ин ҳам дар шароите, ки таваҷҷӯҳи мардум ба мазҳаб дар минтақа бештар мешавад. Ва гузашта аз ин, тундгароии исломӣ ҳам дар миёни баъзе аз маҳфилҳо авҷ мегирад. Николай Шабуров, мудири маркази пажӯҳиши мазҳаб дар Донишгоҳи давлатии башарии Русия ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, заминаҳои ба қавле ибрат гирифтани гурӯҳҳои тундрав дар Осиёи Марказӣ аз ҳамақидаҳояшон дар Ховари Миёна вуҷуд дорад.

Дигар аз заминаҳо авҷ гирифтани ифротгароии исломӣ ва рӯ овардани гурӯҳҳои норозӣ ба чунин шакли эътироз метавонад, вазъи ҳозира дар кишварҳои минтақа бошад, ки мардумаш аз фақру беадолатиҳо ранҷ мекашанд. Рамакант Двидедӣ, таҳлилгари ҳиндӣ, ки таҳдидҳои ғайримаъмулии амниятӣ дар Осиёи Марказиро таҳқиқ кардааст, менависад, бадтар шудани вазъи иқтисодӣ, фақр, фасодкорӣ, идораи нодурусти давлат дар Ӯзбакистону Қирғизистону Тоҷикистон, аз сабабҳои авҷ гирифтани ҳаракатҳои ифротии исломӣ мебошад. Дар чунин ҳол ба гуфтаи Николай Шабуров бояд ҳушёр ва эҳтиёткор буд.

Воқеан чизи собит шудааст, ки гурӯҳҳои манфиатдор ва бахусус гурӯҳҳои ифротӣ аз норозигии қишрҳои ҷомеа аз вазъи иқтисодиву воқеияти иҷтимоӣ бисёр зиракона истифода мебаранд. Аз ҷумла, гурӯҳҳои террористиву тундрав асосан лашкари маргталабони худро аз ҳисоби афроди ноумед, раҳгумзада пур мекунанд, ки омодаанд, аз гурӯҳе ниқор бигиранд ва ё эътирози худро ба давлатдорон ҳатто бо роҳи куштани худ ҳам бирасонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG