Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Барселона» - ғолиби Лигаи қаҳрамонони Аврупо


«Барселона»-и Испания ғолиби Лигаи қаҳрамонони футболи Аврупо-2009 гардид.

Ин даста 27-уми май дар бозии ниҳоӣ, ки дар варзишгоҳи «Олимпико»-и пойтахти Италия - шаҳри Рим баргузор шуд, дастаи «Манчестер Юнайтед»-и Инглистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Голҳоро Самуэл Это’О-и камерунӣ дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 10-ум ва Лионел Мессии аргентинӣ дар нимаи дуввум, дар дақиқаи 71-ум ба самар расонданд. Месси, ки 9 гол задааст, беҳтарин бозигари Лигаи қаҳрамонон эътироф шуд.

Бад-ин тартиб «Барселона» барои бори севум барандаи Ҷоми қаҳрамонони Аврупо гардид. Пеш аз ин «Барселона» ду бор - солҳои 1992 ва 2006 - Ҷоми қаҳрамонони Аврупоро ба даст оварда буд.

Бояд гуфт, ки шогирдони Гвардиола, инчунин, ба унвони қаҳрамони Испания даст ёфта, соҳиби Ҷоми ин кишвар шуданд.
XS
SM
MD
LG