Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурҷистон: "Русия ба Бан Ки Мун фишор овардааст"


Гурҷистон Русияро дар фишороварӣ болои дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун муттаҳам кардааст. Дар сӯҳбат бо хабарнигори Ройтерз сафири Гурҷистон дар СММ Александр Ломая гуфт, ки Русия оқои Банро барои ворид кардани тағйирот дар гузориши наваш оид ба ин давлати қафқозӣ фишор овардааст. Русия иттиҳомоти Гурҷистонро рад мекунад. Дар гузоришҳои гузаштаи СММ ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳ ҳамчун ҷузве аз Гурҷистон ёд шудаанд, вале дар гузориши нави СММ, ки рӯзи 18 май нашр шуд, ин ифода ҳазф шудааст. Августи порсол Русия ва Гурҷистон дар қаламрави Осетияи Ҷанубӣ вориди даргирие шуданд, ки панҷ рӯз идома кард.
XS
SM
MD
LG