Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аббос бо Обама дар Вашингтон вомехӯранд


Имрӯз дар Вашингтон мулоқоти Барак Обама, раиси ҷумҳурии ИМА ва раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуди Аббос дар назар гирифта шудааст. Қабл аз ин оқои Аббос аллакай бо вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дидору мулоқот кард. Хонум Клинтон гуфт, ки Амрико хостори ин аст, ки Исроил тавсеаи шаҳракҳои яҳудинишинро бидуни ҳеҷ истисно хотима диҳад. Маҳмуд Аббос гуфт, то замоне, ки Исроил ҳама фаъолиятҳои марбут ба бунёди шаҳракҳоро хотима надиҳад, Фаластин сари мизи гуфтушунид бар нахоҳад гашт. Фаластиниҳо мегӯянд мавҷудияти шаҳракҳо барои бунёди як давлати ба маънои томаш комилу пурра иҷоза намедиҳад.
XS
SM
MD
LG