Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдидҳои низомии Кореяи Шимолӣ


Кореяи Шимолӣ мегӯяд, ки дигар пойбанди қарордоди оташбасе намешавад, ки баъди солҳои ҷанги 1950-1953 дар нимҷазираи Корея ҳосил шуда буд. Низомиёни Пхенян бо пахши изҳороте ҳушдор доданд, ки дар сурати ҷилавгирӣ кардан аз ҳаракати киштиҳои содиркунандаи мушакҳо ва силоҳҳои қатли ом ва мавриди тафтиши нирӯҳои байналмилалӣ қарор гирифтани ин киштиҳо Кореяи Шимолӣ бо "як ҳамлаи пурқудрати низомӣ" посух хоҳад дод. Рӯзи сешанбе Кореяи Ҷанубӣ ба барномаи Амрико оид ба адами тавсеаи силоҳҳо ҳамроҳ шуд ва ин ҳодиса як рӯз баъди озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолӣ сурат гирифт, ки бо маҳкумияти ҷомеаи байналмилалӣ рӯбарӯ гардид. Аз қабл Пхенян таҳдид карда буд, ки дар сурати ҳамроҳшавии Сеул ба ин барнома Кореяи Шимолӣ ин амалро ҳамчун эълони ҷанг қабул хоҳад кард.
Дишаб вазири хориҷаи Амрико Ҳиллари Клинтон гуфт, ки амалкарди Кореяи Шимолӣ боиси инзивои бештари ин кишвар хоҳад шуд. Вай гуфт:

"Ман ӯҳдадориҳои ИМА-ро оид ба майли ҳамешагиаш ба ҳимоят аз Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон таъкид мекунам. Ин як бахши ӯҳдадориҳои эътилофии мо аст, ки ҷиддӣ гирифта мешавад. Ва умедворам, ки ба Кореяи Шимолӣ ҳам барои бозгашт ба сари мизи музокирот имконияте фароҳам хоҳад шуд".

Дар давоми ду рӯзи гузашта Кореяи Шимолӣ панҷ озмоиши мушакҳои кӯтоҳпарвози худро анҷом дод, ки боиси боз ҳам муташанниҷ шудани вазъ гардидааст. Дирӯз Русия сафири Кореяи Шимолиро даъват карда аз Пхенян тақозо кард, ки дубора сари мизи гуфтушуниди шашҷониба баргардад.
XS
SM
MD
LG