Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барселона барандаи ҷоми Аврупо шуд


Тими футболи "Барселона"-и Испания барандаи имсолаи Лигаи футболи Аврупо шуд. Бозии ҳалкунандаи имрӯза, ки дар майдони Рум баргузор шуд, бо мағлубияти дастаи "Манчестер Юнайтед" бо ҳисоби ду бар сифр ба фоидаи "Барселона" анҷом ёфт. Голҳои задаи Самюэл Это ва Лионел Мессӣ кофӣ буд, ки пирӯзии муҳими дастаи Испания таъмин шавад. Инчунин Пеп Гардиола имрӯз ҷавонтарин мураббӣ дар таърихи футболи Аврупо шуд, ки дастааш барандаи ҷоизаи аслии минтақа гардидааст. Ин бори сеюм аст, ки "Барселона" барандаи Ҷоми Аврупо мешавад. Дар гузашта ин даста солҳои 1992 ва 2006 ба бурдани ҷоизаи аслии футболи Аврупо ноил шуда буд.
XS
SM
MD
LG