Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти кашфи Ироқ "Guardian"-ро ба додгоҳ кашид


Хадамоти кашфи Ироқ аз болои рӯзномаи "Guardian", чопи Лондон ба додгоҳ шикоят бурд ва нашрияро дар тӯҳмат айбдор кард. Масъулини хадамоти кашф аз матлабе дар "Guardian" шиква кардаанд, ки дар он бо такя ба кормандони ин хадамот сиёсати ҳукумати сарвазир Нурӣ Ал-Маликӣ интиқод шудааст. Кормандон бидуни ифшои ному насаби худ сарвазирро дар истибдод муттаҳам кардаанд.
Ба иттилоъи масъулини "Guardian", хадамоти кашфи Ироқ аз онҳо як миллион доллар ҷубронпулӣ ва ошкорсозии манбаъҳои иттилоотиро талаб дорад. Ва аммо нашрия аз иҷрои ин талаб сарпечӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG