Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ба истиқболи фаластиниҳо гомҳое мегузорад


Биниамин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, аз фаластиниҳо ва кишварҳои арабӣ даъват кард, ки дар мавриди эътидоли равобит бо Исроил ҳарчӣ зудтар аз чораҳои мушаххас кор гиранд. Зимни суханронӣ дар парлумон ӯ гуфт, ки кишвараш омода аст гомҳое ба истиқболи фаластиниҳо гузорад ва аммо дар мавриди чӣ гуна будани ин гомҳо ӯ чизе нагуфт.
Сарвазири Исроил зимни сафари ахираш ба Вошингтон аз пуштибонии ибтикори таъсиси давлати мустақили Фаластин худдорӣ кард. Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, барои таъсиси давлати Фаластин дар канори Исроил ва ба ин васила хатми хушунат дар Ховар Миёна талош дорад.
XS
SM
MD
LG