Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулини расонаҳои хабарӣ ва таҳлилгарони тоҷик зимни як нишаст дар шаҳри Душанбе аз фаъолияти Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар тақсими радиобасомадҳо барои пахши барномаҳои телевизион ва радио изҳори нигаронӣ карда, мегӯянд, ки кори ин кумита қаноъатбахш нест.

Иштирокдорони ин нишаст гуфтанд, дар Тоҷикистон тақсими радиобасомадҳо дуруст сурат намегирад ва мақомот барои дастрасии телевизиону радиоҳои маҳаллӣ ва дарёфти иҷозатнома барои фаъолият ба онҳо садҳо монеа эҷод мекунанд. Шаҳло Акобирова, раиси созмони рӯзноманигории мавсум ба «Хома», гуфт, мақомот дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон 400 радиобасомад озод асту имкони пахши 400 радиову телевизион аз тариқи ин радиобасомадҳо вуҷуд дорад, ба фаъолияти шабакаҳои мустақили радиову телевизион иҷоза намедиҳанд.

Бино ба иттилои ташкилоти рӯзноманигории «Хома», давоми солҳои ахир комиссиюни иҷозатномадиҳии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон 34 дархости радио ва телевизионҳои мустақилро барои дастрасӣ ба радиобасомадҳо ва фаъолият ба далелҳои мухталиф рад кардааст.

Дар ҳоле, ки Тоҷикистон аз радиобасомадҳои худ истифода намекунад, фазои иттилоотии ин кишварро расонаҳои мустақили кишварҳои дигар истифода мекунанд. Олег Кациев, раиси минтакавиии Созмони Интернюс Нетуорк, мегӯяд, дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон бахусус мардуми манотиқи назди сарҳадии Тоҷикистон ба ҷои тамошои шабакаҳои худӣ шабакаҳои кишварҳои хориҷиро тамошо мекунанд. Вай меафзояд, «фикр мекунам, он хатарҳое, ки гуё телевизиони хусусӣ дар пайи пайдо шуданаш суханони ноҷо мегӯяду вазъиятро ноустувор мекунад, беҷост. Аз ин ҷо давлат аз ҳисоби иҷоза надодан ба фаъолияти телевизионҳои мустақил бештар зарар мебинад».

Маҳмудҷон Дододбоев, раиси телевизиони мустақили Ҷаҳоноро дар вилояти Суғд, мегӯяд, мақомот дар шаш соли ахир дархости 7 телевизиони мустақили маҳаллиро барои тамдиди фаъолият рад кардаанд ва акнун дар шаҳри Хуҷанду навоҳии атрофи он мардум телевизионҳои кишвари ҳамсояи Узбакистонро тамошо мекунанд.

Аммо Камол Қобилов, масъули хадамоти назорат ва танзими алоқа ва иттилооти вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, гуфт, аз ҷониби мақомот ҳеҷ гуна маҳдудият барои дастрасӣ ба радиобасомадҳо вуҷуд надорад. Вай гуфт, мушкил дар он аст, ки радио ва телевизионҳои мустақил асноди, ба қавли ӯ, «дуруст»-ро ба мақомот пешниҳод намекунанд.

Вале Сарвар Холиқов, мудири шӯъбаи ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон мегӯяд, ҳуқуқи соҳибкороне, ки мехоҳанд, телевизиону радио таъсис диҳанд, аз сӯи Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ҳамеша нақз мешавад. Вай гуфт, қонунгузории Точикистон то кунун ҳуқуқ ва имкониятҳои истифодабарандагони радиобасомадҳоро ба таври комил ба танзим надаровардааст, аз ин нокомилии қонунгузорӣ мақомот сӯиистифода мекунанд ва ба ҳар далел аз додани иҷозатнома худдорӣ мекунанд.

Коршиносон таъкид карданд, ки мушкили аслӣ дар он аст, ки Кумиссюни иҷозатномадиҳӣ ба радио ва телевизонҳои мустақил тобеи Кумитаи радио ва телевизини кишвар аст. Ва кумитае, ки худ фаъолияти телевизину радиоҳои давлатиро ба роҳ мемонад, ба қавли соҳибназарон, аслан намехоҳад ва ё ҳарос дорад, дар фазои иттилоотпароканӣ рақибони худро пайдо кунад. Ба ин далел раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон Мусо Асозода, ки ҳамчунин узви ҳамон кумисюни иҷозатномадиҳӣ аст, барои ҳали мушкилоти иҷозатномагирӣ баровардани ин кумиссиюн аз тобеияти Кумитаи радио ва телевизиони Точикистонро муҳим шуморид.
XS
SM
MD
LG