Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни таркиш афзоиш ёфт


Бар асари таркиш дар шаҳри Лоҳури Покистон, тибқи иттилоъи ахир, дасти кам 30 нафар кушта шуда, тақрибан 300 каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтаанд. Як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар маркази шаҳр, дар канори биное мунфаҷир кард, ки он ҷо қароргоҳи полис ва дигар идораҳои давлатӣ ҷойгир шудаанд. Бино комилан тахриб шуд ва гурӯҳҳои наҷотбахш тамоми рӯз ба берун кардани қурбониён ва осебдидагон аз зери харобаҳо машғул буданд. Масъулияти ҳамларо то ҳол ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст. Ва аммо Раҳмон Малик, вазири умури дохилаи Покистон, изҳор намуд, ки ин ҳамла бо амалиёти низомии артиш алайҳи ошӯбгарони ҷунбиши “Толибон” дар шимолу ғарби кишвар пайванд мегирад.
XS
SM
MD
LG