Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди як Корея ба Кореяи дуввум


Сарбозони Кореяи ҷанубӣ дар хатти марз бо Кореяи шимолӣ
Сарбозони Кореяи ҷанубӣ дар хатти марз бо Кореяи шимолӣ

Кореяи Шимолӣ ба ҳамсояи ҷанубияш таҳдиди ҷанг кард ва созиши сулҳи беш аз ним аср ҳосилшударо якҷониба лағв намуд.

Вокуниши Пхенян ба тасмими ахири мақомоти Кореяи ҷанубӣ барои тафтиши киштиҳои ҳамсояҳои шимолӣ ҳатто онҳоеро мутаҳайир сохт, ки ба изҳороту баёнияҳои ҷангҷуёнаи Кореяи Шимолӣ одат кардаанд. Ҳукумати феълии Кореяи Шимолӣ ба кишвари ғарбгарои ҳамсоя пайваста таҳдиди лафзӣ мекунад ва аммо ин дафъа коршиносон бо ишора ба пешгӯинашаванда будани Пхенян, аз хатари воқеъии ҷанги нав миёни ду давлати нимҷазираи Корея ҳарф мезананд. Нигарониҳо аз он ҳам сарчашма мегиранд, ки Кореяи Шимолӣ созиши сулҳи соли 1953-ро якҷониба лағв кард, созишеро, ки беш аз ним аср пеш ба ҷанг дар нимҷазира хотима гузошт ва онро ба ду бахш - Шимолии коммунистӣ ва Ҷанубии ғарбгаро қисмат карда буд.

Вокуниши шадидуллаҳни Кореяи шимолӣ баъди он садо дод, ки Сеул ба барномаи Амрико оид ба боздошти киштиҳои низомии
Муҳим он аст, ки ба сиёсати душманона хотима гузошта шавад, ба сиёсати душманонаи, аз ҷумла, Амрико ва Ҷопон.
гумонбар дар интиқоли мавод барои бунёди силоҳи қатли ом ҳамроҳ шуд. Тибқи ин барнома, ҳама киштиҳои “шубҳаангез” мавриди тафтиши низомиён қарор мегиранд. Пхенян эълом дошт, ки боздошту бозҷӯии киштиҳояшро таҳаммул нахоҳад кард ва онро мусовӣ ба эълони ҷанг мехонад.

Моҷарои нав миёни ду кишвари нимҷазираи Корея дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки озмоиши навбатии ҳастаии зеризаминӣ ва ду мушаки доираи амалашон наздик аз сӯи Кореяи Шимолӣ мояи нигаронии ҷидди ҷомеъаи ҷаҳонӣ шудааст. Гуфта мешавад, озмоиши ҳастаии зеризаминии ахир аз ҳамин гуна озмоиш дар соли 2006 се ваё чаҳор карат нерӯмандтар буд. Шӯрои амнияти СММ ин озмоишҳоро шадидан маҳкум кард ва айни ҳол дар пайи таҳияи қатъномаи нави шадидуллаҳн дар ин робита аст.

Ва дар ҳамин ҳол, субҳи чаҳоршанбе Пхенян боз як мушаки доираи амалаш наздикро озмоиш кард. Моҳи апрел Кореяи Шимолӣ мушаки дурпарвозеро озмоиш карда буд, ки метавонад то ба аёлати Аляскаи Амрико бирасад.

Аз нигоҳи Вошингтон, бояд дар посух ба озмоишҳои ахири Кореяи Шимолӣ аз чораҳои оҷил кор гирифт, то Пхенян чӣ паёмади ногувор доштани амалҳои худро эҳсос кунанд. Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии Амрико бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ва ҳамтоҳояш аз Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Австралия музокирот кард. Маъмурияти Барак Обама аз назари воҳиди ҳама кишварҳо ба қазияи Кореяи Шимолӣ, ба вижа, аз вокуниши Русия ва Чин изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар ҳамин ҳол,Пак Ток Ҳун, намояндаи Кореяи Шимолӣ дар СММ изҳор намуд, ки ҳадаф аз озмоишҳои мушакӣ фақат омодагӣ барои ҳифзи кишвар аст. Ӯ гуфт, “муҳим он аст, ки ба сиёсати душманона хотима гузошта шавад, ба сиёсати душманонаи, аз ҷумла, Иёлоти Муттаҳида ва Ҷопон. Мо ба ҷуз дифоъ аз худ ягон ҳадафи дигар надорем”.

Ва аммо кишварҳои зиёде ба ин изҳороти Пхенян бо назари шубҳа менигаранд ва мутмаинанд, ки ҳадафи аслии ин кишвар дастёбӣ ба силоҳи ҳастаист. Мақомоти Амрико ба дигар паҳлӯи хатари озмоишҳои ҳастаии Кореяи Шимолӣ - эҳтимоли фурӯхтани натоиҷи озмоишҳо ба дигар кишварҳо низ ишора мекунанд. Ҷеймс Ҷонс, мушовири амнияти миллии раисиҷумҳури Амрико мегӯяд, нигарониҳо дар ин маврид бепояву бунёд нестанд. Қаблан Вошингтон Кореяи Шимолиро дар талоши фурӯши технологияи сохтани бомби атомӣ ба Сурия ва дигар кишварҳо айбдор карда буд ва аммо Пхенян ин иттиҳомро қатъӣ рад намуд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузориҳо аз дубора фаъол шудани реактори ҳастаии Ёнгбонг иттилоъ доданд, ки тақрибан ду сол пеш баъди созиш дар музокироти ҳастаӣ оид ба барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ кораш мутаваққиф шуда буд. Дар он музокирот дар Чин мувофиқа ҳосил шуда буд, ки Пхенян дар ивази кумакҳои байнулмилалӣ барномаҳои ҳастаияшро қатъ мекунад.
XS
SM
MD
LG