Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар пайи ҳамлаҳои ахир, Узбакистон назорати шоҳроҳҳояшро тавассути посгоҳҳои изофӣ ва зиреҳпӯшҳо тақвият додааст.

ВАЗЪ ДАР АНДИҶОН

Бино ба гузоришҳои расида аз Узбакистон, режими назорат дар роҳҳои асосии байни вилоятҳои он кишвар, аз ҷумла дар шоҳроҳи Тошканд – Андиҷон ба гунаи дар 4 соли охир, яъне аз замони рӯйдодҳои хунини Андиҷон бесобиқа шадидтар гардида, ба хотири тақвияти посгоҳҳои изофӣ ҳатто зиреҳпӯшҳои низомии навъи БТР ва БМД ҷалб шудаанд.

Гуфта мешавад, кулли афрод ва васоили нақлияеро, ки аз Андиҷон ба самти Тошканд мераванд, мӯшикофона таҳқиқ мекунанд. Дар
“Вазъ имрӯз чунин аст: Вуруди мошинҳо ба шаҳр манъ шудааст.
чорроҳаҳо ва роҳҳои дараҷаи дуввуми вилояти Андиҷон низ гурӯҳҳои зудамали муҷаҳҳаз бо зиреҳпӯшҳои низомӣ мустақар шудаанд. Сокинони Андиҷон дар сӯҳбатҳои телефонӣ тақвияти ҳузури низомиён дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва атрофи онро таъйид мекунанд ва мегӯянд, вуруди васоили нақлия аз берун ба дохили шаҳр манъ шудааст. Як сокини Андиҷон аз ҷумла гуфт: “Вазъ имрӯз чунин аст: Вуруди мошинҳо ба шаҳр манъ шудааст. Мошинҳоеро, ки ба шаҳр рафтанианд, аз даромадгоҳи Андиҷон пас мегардонанд. Мардум маҷбур аст, як миқдор пиёда рафта, ба мошини дигар бинишинанд ва ба роҳи худ идома диҳанд.”

ЧАНД ҲАМЛА БУД?..

Ҷузъиёти ҳамлаҳои ахир дар Андиҷону Хонобод низ ҳанӯз рӯшан нест. Додситонии кулли Узбакистон танҳо ду мавриди ҳамларо эътироф мекунад ва мегӯяд, ҳамлаи шаби 25 ба 26 май ба посгоҳи милиса дар даромадгоҳи шаҳраки Хонобод, дар тақрибан 80-километрии шаҳри Андиҷон, як корманди милисаро захмӣ барҷой гузошт, вале ҳамлагарон бо истифода аз пардаи торикӣ тавонистаанд фирор кунанд. Мавриди дуввуми тасдиқшуда ҳамлаи интиҳории зӯҳри сешанбе дар кӯчаи Фитрати шаҳри Андиҷон аст, ки бино бар баёнияи додситонии кулли Узбакистон, мунҷар ба ҳалокати ҳамлагари ношинос ва як корманди милиса шуда, се раҳгузар бар асари ин инфиҷор ҷароҳат бардоштаанд.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳо аз қавли шоҳидон дар бораи мавориди бештари таркишҳо дар Андиҷон хабар медиҳанд. Расонаи интернетии Узнюс мегӯяд, таркиши дуввум соатҳои тақрибан панҷи аср дар мағозаи “Истамбул”, дар маҳаллаи Чоргузари Андиҷон рух додааст. Войс оф Фридом, ё худ Садои Озодӣ, нашрияи дигари интернетӣ мегӯяд, ба дунболи ин ду таркиш инфиҷори севвум дар назди як посгоҳ дар маҳаллаи Боғишамол, дар канори Андиҷон сурат гирифтааст.

...ВА ЧАНД КАС КУШТА ШУД?

Гузоришҳо дар бораи шумори қурбониёни ҳамлаҳои Андиҷону Хонобод низ мухталифанд. Радиои Қирғизистон билофосила дар бораи кушта шудани 4 афсари милиса бар асари ҳамла ба посгоҳи марзии Хонобод гузориш дода буд. Радиои “Эхо Москви” шумори кушташудагон бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Андиҷонро дастикам 7 нафар баровард кардааст. Ин дар ҳолест, ки додситонии кулли Узбакистон ҳалокати танҳо 2 нафар – як корманди милиса ва худи маргталаб – дар шаҳри Андиҷонро тасдиқ мекунад.

МАСЪУЛ КИСТ: ҶИҲОДИ ИСЛОМӢ Ё ҲИУ?

Як мавзӯъи аслии вирди забони маҳофил ин аст, ки оё дар паси ҳамлаҳои ахир дар вилояти Андиҷон кӣ меистад? Бино ба хабарҳо, масъулияти ин ҳамлаҳоро созмони Ҷиҳоди исломӣ бар ӯҳда гирифтааст. Бар асоси изҳороти нафаре, ки худро намояндаи Ҷиҳоди исломӣ меномад, ҳамлаи шаби 26 майро гурӯҳи “Мовароуннаҳр”-и марбут ба ин созмон ба хотири интиқом аз режими Ислом Каримов анҷом дода, ба гуфтаи ӯ, “муҷоҳидин бидуни талафот ба мақари худ баргаштаанд.”

Аммо бисёри таҳлилгарон ба воқеъияти ин иддаои Ҷиҳоди исломӣ шакк доранд. Таҳлилгари узбак Фарҳод Толибов гуфтааст, кадом далели шайъие дар даст нест, ки ширкати Ҷиҳоди исломӣ дар ин ҳамлаҳоро собит кунад. Хабаргузории русии Интерфакс аз таҳлилгарони дигари масоили Осиёи Марказӣ низ нақли қавл мекунад, ки бархе худи мавҷудияти чунин созмонро зери шубҳа гузошта, бархеи дигар мегӯянд, ин гурӯҳ зери чатри хадамоти амниятии Узбакистон амал мекунад.

Узбакистон Ҷиҳоди исломиро дар даст доштан дар чандин амали террористӣ, аз ҷумла ҳамлаҳои соли 2004 алайҳи сафоратхонаҳои Амрикову Исроил дар Тошканд, муттаҳам мекунад. Олмон низ ин гурӯҳро ба талоши анҷоми ҳамлаҳо алайҳи таъсисоти Амрико дар Олмон айбдор кардааст.

Гуфта мешавад, ки Ҷиҳоди исломӣ аз баданаи Ҳаракати исломии Узбакистон ҷудо ва мустақил шудааст. Зимнан ангушти ишорати Тошканд дар пайи ҳамлаҳои Андиҷону Хонобод ибтидо ба сӯи ҳамин Ҳаракат баланд шуда буд. Интерфакс рӯзи сешанбе аз қавли як манбаъаш дар сохторҳои амниятии Узбакистон навишт, ки ҳамлаҳои ахир дар вилояти Андиҷонро ғолибан ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон анҷом додаанд.

Ин Ҳаракат дар поёни солҳои 80 маҳз аз ҳамин водии Фарғона, ки вилояти Андиҷон низ бахше аз ҳамин водист, бархоста буд ва раҳбарону тарафдоронаш баъдан ба Афғонистон фирор карда, ба Толибон пайвастанд. Амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон тавонмандиҳои Ҳаракати исломии Узбакистонро хеле заъиф кард ва ҷангиёнаш ба дунболи вуруди нирӯҳои байналмилалӣ ба Афғоинстон, сари фирор ба сӯи сарзаминҳои қабиланишини Покистон оварданд. Аммо аз соли 2001 ба ин сӯ дар бораи фаъолиятҳои ин гурӯҳ гузорише тақрибан ба гӯш намерасид.

НАЗАРИ ТАҲЛИЛГАРОН

Бархе таҳлилгарон ба ин далел эҳтимоли даст доштани Ҳаракати исломии Узбакистон дар рӯйдодҳои ахири Андиҷонро низ баъид медонанд. Таҳлилгари амрикоӣ Алекс Ватанка аз ҷумла мегӯяд: “Қабл аз онки ангушти ишорат ба сӯи Ҳаракати исломии Узбакистон ва ё ҳар созмони дигари исломӣ ё исломгаро баланд кунем, мо бояд далели бештаре дар ихтиёр дошта бошем. Чунки онҳо хеле боз хомӯш буданд ва ҳатто мақомоти Узбакистону Қирғизистон тайи солҳои охир аз ин мушкил ҷор намезаданд.” Алекс Ватанка дар рӯйдодҳои ахири Узбакистон нақши омилҳое, чун фасоду ҷинояткорӣ ва ҳамдастии мақомоти амниятӣ бо гурӯҳҳои ҷиноиро бузургтар мешиносад.

Мэтю Климентс, таҳлилгари масоили АвроОсиё дар созмони бритониёии Jane's Information Group, низ мегӯяд, ҳар навъ эҳтимоли ошӯб дар Узбакистон метавонад аз норизоияти мардум аз мушкилоте, чун сатҳи пасти зиндагӣ ё афзоиши бекорӣ бархезад: “Он чизе ки мо мебинем, тамойюлест, ки муддатҳост идома дорад. Яъне зӯргӯии давлат, мизони ҷиддии фақр, мизони хеле баланди бекорӣ ва норизоияти мардум дар ин минтақа, ки нуфузи дини Ислом зиёд аст, ҳамеша хатар эҷод мекунад. Ин метавонад мардумро ба домани гурӯҳҳои тундрав тела диҳад, чунки ин гурӯҳҳо ба мардуме, ки аз ҳаққи интихобот ва дигар роҳҳои демократӣ маҳруманд, роҳу воситаҳои изҳори эътирозашонро фароҳам меоранд.”

Аммо агар даст доштани Ҷиҳоди исломӣ ё Ҳаракати исломии Узбакистон дар ҳамлаҳои ахири Андиҷону Хонобод чунин баъид бошад, пас ба зеҳнҳо боз ҳамон як суол бармегардад, ки пас ин кори кист ва дар паси рӯйдодҳои ахири Узбакистон дар воқеъ кӣ меистад?

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG