Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин омбудсмен дар Тоҷикистон


Зариф Ализода қаблан дар вазифаи мушовири давлатии президент оид ба сиёсати ҳуқуқӣ фаъолият мекард

Зариф Ализода қаблан дар вазифаи мушовири давлатии президент оид ба сиёсати ҳуқуқӣ фаъолият мекард

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо иттифоқи оро пешниҳоди номзадии Зариф Ализода ба мақоми намояндаи ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмен дар Тоҷикистонро, ки аз сӯи раисиҷумҳурии ин кишвар сурат гирифт, таъйид карданд.

Пешниҳоди номзадии Зариф Ализода ба ин мақом аз сӯи Амиршо Миралиев, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, сурат гирифт. Баъди таъйиди ин номзад, аз сӯи порлумон фармони раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора қироат карда шуд ва дар пай Зариф Ализода дар ҳузури аъзои Маҷлис савганд ёд кард.

Зариф Ализода қабл аз интисоб ба ин мақом дар вазифаи мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ва ҳамзамон намояндаи комилҳуқуқи раисиҷумҳур дар Маҷлиси Олии кишвар фаъолият мекард.

Намояндаи ваколатдори ҳуқуқи башар ё омбудсмен як мақоми мустақили ҳомии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки ба манзури назорати риояти ҳуқуқ ва ҳифзи озодиҳои инсон ва таҳкими ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ фаъолият хоҳад кард. Ба ин далел бархе аз коршиносон мӯътақиданд, ки Зариф Ализода ба ҳайси як шахсияти на он қадар шинохта дар ҷомеа наметавонад ин вазифаро ба тавре ки мебояд анҷом диҳад.

Раҳматулло Зойиров, раиси Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон, мегӯяд, Ализода ба ҳайси як ҳуқушиноси на он қадар боҷуръат ва соҳиби ибтикор нақши маъмури ҳуқуқи башарро дар шароите, ки Тоҷикистон дар ин самт мушкилоти зиёд дорад, иҷро карда наметавонад. Аз сӯи дигар, афзуд оқои Зоиров, таъинотӣ будани маъмури ҳуқуқи башар ё омбудсмен аз сӯи раисиҷумҳурӣ мустақилияти ин ниҳодро аз байн хоҳад бурд, зеро дар ин сурат маъмури ҳуқуқи башар вобасти ирода ва дар итоати раиси ҳукумат қарор хоҳад гирифт. Аз ин рӯ, афзуд оқои Зоиров, ин мақом бояд интихобӣ бошад.

Аммо Абдурақиб Қодиров, як тан аз ҷомеашиносони мустақили тоҷик, мегӯяд, таъиноть будани намояндаи ваколатдори ҳуқуқи башар мушкилӣ пеш намеорад. Зеро маъмури ҳуқуқи башар ҳамзамон ҳам дар назди порлумон, яъне намояндагони интихобкардаи мардум, гузоришдиҳанда хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол Нодирҷон Солеҳҷонов, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, мӯътақид аст, ки Зариф Ализода метавонад аз ифои ин масъулияти муҳим, ки ҳамзамон бо ниҳодҳои давлатӣ бо намояндагони ҷомеаи маданӣ сарукор хоҳад дошт, ба хубӣ барояд. Зеро, афзуд оқои Солеҳҷонов, Ализода таҷрибаи ғанӣ ва собиқаи тӯлонӣ дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуро дорад ва ҳамчунин дар таҳияи қонун дар бораи Омбудсмен ё намояндаи ваколатдори ҳуқуқи башар низ ширкат кардааст.

Зимнан то ба имрӯз мақоми маъмури ҳуқуқи башар танҳо дар се кишвари Осиёи Марказӣ Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистон вуҷуд дошт. Вале ба истиснои Қирғизистон дар кишварҳои дигари минтақа ин мақом аз нақши боризе бархурдор набудааст.
XS
SM
MD
LG