Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷиҳоди исломӣ" масъули ҳамла ба Хонобод аст?


Гурӯҳи номаълуми “Ҷиҳоди исломӣ” бо пахши як изҳорот масъулияти ҳамла ба раёсати милиса ва хадамоти амнияти миллӣ дар шаҳри Хонободи Андиҷон ва инфиҷорҳо дар ин вилоятро бар дӯш гирифт. Дар ин бора сомонаи интернетии Uznews.net хабар додаааст. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки аъзои гурӯҳи “Мовароуннаҳр”, як бахши “Ҷиҳоди исломӣ”, баъд аз анҷоми ҳамла ба идораҳои интизомии шаҳри Хонобод "бидуни осеб ба қароргоҳи худ баргаштанд". Муаллифи изҳорот навиштааст, ки ин ҳамла – интиқом аз режими раисиҷумҳур Ислом Каримов барои куштори мусалмонҳои бегуноҳ аст. Мақомоти Узбакистон то ҳол ба ин изҳорот вокуниш нишон надодаанд.
Ҳамчунин Uznews.net бо такя ба манбаъҳои мӯътамади худ хабар додааст, ки дар ҳамлаҳои рӯзи гузашта дар Хонобод 16 нафар кушта шудаанд. Мақомоти расмии Узбакистон қаблан аз ҳалокати ду нафар бар асари ҳамлаҳо дар Хонобод иттилоъ дода буданд.
XS
SM
MD
LG